ИМТИҲОНИ ҶИДДИЕ, КИ КОРМАНДОНИ ФИЛИАЛИ ШИРКАТ САРБАЛАНДОНА ГУЗАШТАНД
Шаби гузашта соати ду, дар километри 138- уми рохи Душанбе- Чанок , дар масофаи 35 метр рох фуру рафт. Новобаста аз он ки ходиса шабонгох рух дод, дар муддати кутох кисмати аьзами техникаву механизмхои Намояндагии филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар минтакаи Зарафшон ба ин минтака сафарбар шуданд. Бо захмати зиёди кормандони “IRS” дар дили кух рохи муваккати эьмор ва харакати воситахои наклиетро таьмин карданд. Хушбахтона, бар асари ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашуд. Тадбирандешии фаврӣ ва мавҷудияти техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкати мазкур замина фароҳам овард, ки пайомади ин офат дар муддати хеле кутоҳ бартараф ва ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин гардад. Айни замон кор дар ин мавзеъ босурьат идома дошта, ин раванд зери назорати чиддии рохбарияти филиали Ширкат карор дорад.
Ҳамватанони азиз шоҳиданд, ки дар давоми рӯзҳои охир бориши беисти борон сарбории онҳоеро, ки фаъолияташон ба нигоҳдории роҳ рабт дорад, дучанд намуда, аз онҳо тадбирандешиҳои фавриро тақозо намуд. Гуфтан бамаврид аст, ки роҳи Душанбе – Чанок аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, дар муқоиса бо дигар роҳҳои кишвар аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора, сангфароӣ ва омадани сел зиёдтар осебпазир аст. Масъулин бо дарки ин нукта фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, зимни суҳбат иброз доштанд, ки имкон ва иқтидори сари вақт бартараф намудани пайомади чунин ҳаводисро доранд. Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки ҳоло дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истеҳсоли аслфалти марбут ба филиали Ширкат бо иқтидори 70 тонна асфалт дар як соат фаъолият дорад ва мутахассисони ҳирфаии Ширкат дар кутоҳтарин муддат роҳи мавриди назарро ба ҳолати аввала бармегардонанд.
Аз лиҳози ҳаҷм ва хисороти ба роҳ расида офати мазкур қобили мулоҳиза маҳсуб мешавад. Вале ба шарофати чораандешиҳои фаврии кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Сорлюшнз ЛТД” пайомадҳои офати табиӣ бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор ва механизмҳо саривақт бартараф шуда, ин омил замина фароҳам овард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт умуман қатъ нагардад. Сарфи назар аз он ки ин ҳодиса шабонгоҳ рух дод, кормандони филиали Ширкат баҳри бартараф намудани монеаҳои мавҷуда камари ҳиммат бастаанд, ки ин омил далели бебаҳси масъулиятшиносиашон аст.
Хотиррасон менамоем, ки техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон аз 181 адад зиёд аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ба ғайр аз ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат бо шумораи 487011020 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина филфавр тадбирандешӣ сурат мегирад.
Фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ин Ширкат шароит фароҳам овардааст, ки хатарњое, ки пештар ронандагону мусофирон бо он мувољењ буданд, бартараф шуда, ањолї тамоми сол аз роњи автомобилгарди ба меъёрњои байналмилалї љавобгў бархўрдоранд. Ногуфта пайдост, ки бунёди роњ як тарафи масъала асту нигоњ доштани он идомаи мантиќии ин раванд мебошад ва дар сурати амалї нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роњ аз эњтимол дур нест. Бинобар ин, Њукумати Љумњурии Тољикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рўйи низоми толлингї дар хизматрасонї ва идоракунии роњи Душанбе-Чаноќ мавриди амал ќарор дињанд. Мавриди амал ќарор гирифтани ин механизм љињатњои мусбати хеле зиёд дошта, мақсад коњиш додани харољоти Буљети давлатї, дар сатҳи баланд амалӣ гардидани таъмиру нигоњдории роњ ва дар маљмўъ тамдид намудани муњлати истифодаи он аст.
Мушоњидањо ва далелу арќоми мављуда шањодат медињанд, ки аз тарафи филиали Ширкати сањомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадоштааш таври мунтазам, дар сатњи хуб ва сифати баланд амалї шуда истодааст. Нуктаи муњим он аст, ки “IRS” барои дар сатњи баланд ва љавобгўйи талаботи бахши роњсозї амалї намудани вазифањояш имконият ва шароитњои зарурї, аз ќабили мутахассисони болаёќат, корхонањои истењсоли асфалт, таљњизоти замонавї, техникањои пуриќтидорро доро буда, аз онњо самаранок истифода намуда истодааст. Бояд гуфт, ки нигоњдории роњ аз лињози моњият аз бунёди он камтар набуда, масъулиятшиносї, техникаву таљњизоти замонавї, мутахассисони болаёќат, азми ќавї ва нияти некро таќозо менамояд. Бо итминони комил ва дарки масъулият метавон гуфт, ки “IRS” омилњои зеринро доро аст. Корњои ба таъмиру таљдид рабтдошта дар раванди нигоњдории роњ падидаи маъмул ба њисоб рафта, харољоти зиёди маблаѓ ва сарфи неруи зењниву љисмонии кормандонро таќозо дорад. Новобаста аз ин, таъмиру таљдид дар фаъолияти филиали «IRS» ба раванди доимӣ табдил ёфта, далели возењи масъулиятшиносии роњбарияти он аст. Љоиз ба зикри алоњида аст, ки ин масъала зери назорати доимї ва љиддии роњбарияти филиали Ширкат ќарор дошта, дар сурати ба вуљуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роњ пайи рафъи он чорањои бетаъхир андешида мешавад.
Аз ин нуктаи назар, бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои кормандони филиали Ширкати мазкур ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт ва сафари бароҳати шаҳрвандон тариќи роњи мазкур имконпазир аст.