МИНТАҚАИ ЗАРАФШОН. КАШИДАНИ ХАТҲОИ УФУҚӢ ИДОМАИ МАНТИҚИИ ТАДБИРАНДЕШИҲО ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИСТ
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз буда, ҳамрадиф бо ин омили аз лиҳози моҳият хеле муфид, роҳро зебову назаррабо менамоянд. Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро таври мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо беш аз пеш тавсеа бахшидаанд.
Ҳамрадиф бо омилҳои дигар, ранг намудани хатҳои уфуқӣ аз самтҳои афзалиятнок дар раванди фаъолияти Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон маҳсуб шуда, онҳо дар ин ҷода собитқадаманд. Давоми рӯзҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ дар масофаи хеле зиёд дар роҳи мавриди назар хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Иловатан таъкид менамоем, ки ба масъалаи фавқ таваҷҷуҳ зоҳир намудан бесабаб нест, зеро хатҳои уфуқӣ аз василаҳои таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар дар роҳ буда, мавҷудият ва дар ҳолати хуб қарор доштанашон аз талаботи бахши роҳсозӣ аст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина хатҳои уфуқии роҳ аз нав кашида мешаванд.