Хабарҳо

ЭЪТИРОФ ДАЛЕЛИ ЭЪТИМОД АСТ

Бароямон мояи ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди онҳое, ки моҳияти фаъолияти филиали Ширкатро дарк кардаанд тамоюли афзоишро касб намудааст. Далели ин гуфта нашри матолиб дар ВАО, ибрози андеша тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва баёни арзи сипос тариқи хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат мебошад.

Муфассалтар...
ДАР НАМОЯНДАГИИ СУҒД КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ ЁФТАНД

Роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумњурии Тоҷикистон амалӣ намудани ибтикорро љиҳати дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе Чанок мадди назар қарор дода, дар ин ҷода ибтикороти зиёди қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишро амалӣ намудаанд.

Муфассалтар...
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОНИ НАҚЛИЁТИ ГАРОНВАЗН

Маҳдудияти мавсимӣ аз 1-уми май шурӯъ мешавад Борҳо таъкид намудем, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.

Муфассалтар...
БАРФИ ҒАЙРИИНТИЗОР ДАР ШАҲРИСТОН

Дирўз (17-уми апрел) дар минтақаи Шаҳристон боришоти борон ба барф табдил ёфт. Бо дарназардошти омодагии ҷиддии кормандони филиали Ширкат боришоти барф ба ҳолати роҳ ва раванди ҳаракати воситаҳои нақлиёт латма ворид карда натавонист.

Муфассалтар...
САДАМА ДАР КИЛОМЕТРИ 238

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе - Чанок имкон фароҳам овардааст, ки ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин гардад. Бо истифода аз ин шароит баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таври бояду шояд риоя накарда, аксар маврид сураъти ҳаракатро баланд менамоянд, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, эҳтироми ҳамдигариро ба ҷой намеоранд,

Муфассалтар...
ЭХТИЁТКОРУ ДАКИКНАЗАР БОШЕД РОНАНДАГОНИ ГИРОМИ

Тибқи иттилои Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алъон дар сархати расонаҳо қарор дорад, шурӯъ аз 16 то 18 апрели соли равон бадшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Ба гуфти кормандони ин ниҳод , дар ин рӯзҳо боронхои пуршиддат ва дар баланди 2500 метр бориши барф пешгуйи шудааст.

Муфассалтар...
Вокуниш Ҳазённомае, ки «тароша» -и аз бом афтода» аст

Вақте дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ «шиква»-ҳои  «аллома»-и бекор  Шервони Умриддинро хондем, онро чун «тарошаи аз бом афтода» қабул намудем. Мо- масъулини филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми фаъолияти худ борҳо бо чунин андешаҳои беасосу муғризона ва туҳматҳо мувоҷеҳ шудаву  бо фаъолияти самаранок ҷиҳати дар сатҳи хуб  ва сифати баланд анҷом додани рисолати худ ба ин нафарон посухи сазовор додаем, вале ин туҳмат дағалона  тамоми марзи иттилоърасонӣ ва  қавоини инсониро убур намудааст. 

Муфассалтар...
Дидбонгоҳи муваққатӣ дар километри 136 барҳам дода шуд.

Тибқи муқаррароти мавҷуда, бояд дар масири роҳи Душанбе- Чанок дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда набошанд. Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки филиали Ширкат бо БДА ВКД ҶТ ҳамкорӣ надошта бошад. Баръакс, ҳамкориҳои мо БДА ВКД ҶТ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дошта, дар ҳама ҳолат аз дастгириҳои беғаразонаи роҳбарият ва кормандони ин ниҳод бархӯрдорем. Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда, фаъолияти кормандони БДА дар роҳи мавриди назар тавассути мошинҳои ба истилоҳ патрул, тариқи сайёр ҷараён дошта, ташкили дидбонгоҳи доимоамалкунанда ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо