БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОНИ НАҚЛИЁТИ ГАРОНВАЗН!
Маҳдудияти мавсимӣ аз 25-май шурӯъ гардид
Бо дарназардошти баланд шудани ҳарорати ҳаво, шурӯъ аз 25-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ шуд. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.
Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад. Ин тадбирандешӣ танҳо ба гарм шудани ҳаво ва дар ин замина пешгирӣ намудани осеббинии роҳ марбут буда, амалӣ намуданаш зарур ва ногузир аст.
АЗ РОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ ЭҲТИРОМОНА ДАЪВАТ БА АМАЛ МЕОРЕМ, КИ ИҚДОМРО ДУРУСТ ДАРК НАМУДА, БО ҲИССИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ МУНОСИБАТ НАМОЯНД!