ТАВАҶҶУҲИ РӮЗАФЗУН ВА ИНЪКОСИ ГУСТУРДА САТҲИ МАЪРУФИЯТРО БОЛОТАР МЕБАРАД

Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки роҳбарияти Ширкат ҳамеша ҷонибдор ва ҳавасманди ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма буду ҳаст. Афкори аҳли ҷомеа ва матолиби дар воситаҳои ахбори омма нашршуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамватанони азизи мо ба фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва азми қавӣ ва нияти нек доштани кормандони он боварӣ ҳосил намудаанд. Сониян, механизми зикршуда дар минтақа иқдоми ҷадид буда, моҳияти пилотӣ дошт. Аз ин рӯ, барои дуруст дарк намудани бартариҳои он аз ҷониби шаҳрвандон вақти муайян лозим буд.

Муҳимтар аз ҳама, дар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.

Муруре ба ВАО-и мамлакат муайян намуд, ки ҳафтаи гузашта корҳои аз ҷониби кормандони филиали Ширкат дар робита ба бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҷоринамоии маҳдудияти мавсимӣ амалишуда дар телевизиони "Тоҷикистон", "Ҷаҳоннамо", радиоиҳои "Ватан", "Садои Душанбе", "Тоҷикистон" сомонаҳои АМИТ "Ховар", "Озодӣ", "Тоҷикистон таймс", ҳафтаномаи бонуфузи "Минбари халқ" ва ғайра таври густурда инъикос шудаанд.

Мақолаҳои нашршуда аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни аҳли чомеа ба фаъолияти мо гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷониби дигар, ин омил замина меорад, ки сатҳи маъруфияти филиали Ширкат бамаротиб боло рафта, афкори аҳли ҷомеа нисбат ба фаъолияташ комилан мусбат шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо