НОВОБАСТА АЗ БОРИШОТ ҲАРАКАТИ МУНАЗЗАМУ БЕХАТАРИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ТАЪМИН АСТ

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои кишвар омадани сел ба қайд гирифта шуд. Мутаассифона, боронгариҳои шадиди шаби 16-уми май дар ҷануби мамлакат хисороти ҷонӣ дар пай доштааст. Масъули Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон гуфт, ки бар асари боронгариҳо дар ноҳияи Панҷ се нафар ҷон бохтанд. Қурбониёни ҳодиса ду кӯдак ва як мард мебошанд.

 "Дар  ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд сел ба 2 гектар замини кишт, 800 метр роҳ дар деҳаи Рӯзиобнок ва ба 10 хоҷагии наздиҳавлигии сокинони русто зарар расонидааст",- иттилоъ медиҳад манбаъ. Инчунин резиши санг 250 метр роҳро дар километри 51-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент муваққатан бастааст.    Дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои Чорбоғ, Пахтадашт, Иттифоқ ва Ҷамоати деҳоти  Машъали ноҳияи Вахш сел ба шаш қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонидааст.

  Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз зиёдтар осебпазир будани роҳи Душане - Чанок аз офатҳои табиӣ ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи ин масир таъмин асту рафтуомад лаҳзае мутаваққиф нашудааст. Набояд нодида гирифт, ки барои ин фаъолияти пурмаҳсул ва қобили мулоҳизаи кормандони филиали Ширкат замина фароҳам овардааст. Боиси арҷгузорист, ки дар рӯзҳои боришот кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро беш аз пеш вусъат бахшида, умури корҳо зери назорати ҷиддии роҳбарият қарор дорад.

   Дирӯз низ фаромадани сангпора, омадани сел ва лағжиши кӯҳпора аз километри 137 то 157- уми роҳ ба қайд гирифта шуда, дар як муддати кӯтоҳ пайомадҳо рафъ карда шуд.  Айни ҳол роҳ кушода ва барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ягон монеа вуҷуд надорад.

БО ДАРНАЗАРДОШТИ ДАВОМДОР ВА НИСБАТАН ШАДИД БУДАНИ БОРИШОТ АЗ РОНАНДАГОН ЭҲТИРОМОНА ХОҲИШ МЕНАМОЕМ, КИ ҲАНГОМИ ҲАРАКАТ ДАР МАСИРИ МАЗКУР ЭҲТИЁТКОРУ ДАҚИҚНАЗАР БОШАНД!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо