Баландшавии сатҳи оби дарёҳо тадбирандешии иловагиро ба миён овард
Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳи Душанбе - Чанок осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот, дар баробари дигар сарбориҳо, баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо кормандони филиали Ширкатро водор месозад, ки баҳри эмин доштани роҳ аз вайроншавӣ беш аз пеш фаъол бошанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки нигоҳдории роҳ амали гуногунҷанба мебошад, ки ҳар яке нозукиҳои худро дошта, дар сурати риоя нагардидан пайомадҳои ногувор хоҳанд дошт.
Ин мавсим низ кормандони филиали Ширкат бо дарки аҳамияти масъалаи мавриди назар фаъолияташонро дар ҳама самт, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ вусъат бахшида, корҳои зиёдеро ба сомон расонида, ин раванд бемайлон идома дорад. Расмҳои дар зер пешниходшуда аз километри 276-уми роҳи Душанбе - Чанок бардошта шудаанд. Дар дигар минтақаҳои роҳ низ вобаста ба ҳолати баамаломада аз ҷониби кормандони филиали Ширкат тадбирҳои иловагӣ андешида шуданд.