МАВСИМИ ГАРМО МАРҲИЛАИ ТАВСЕАЁБИИ ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ РОҲ

Агар гӯем, ки масъулияту сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягон  фасли фасли сол кам намешавад, муболиға нахоҳад буд.  Далел меорам:  Агар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва нимаи аввали баҳор аз лиҳози борошоти шадиди барфу борон  ва тамафароӣ онҳо серкор бошанд, пас дар дар нимаи дуюми фасли баҳор ва фасли тобистон бинобар тавсеа ёфтани таъмиру таҷдиди роҳ сарбориашон дучанд мегардад.  Ин ҳақиқатест, ки бояд дарк ва арҷгузорӣ шавад.

    Хушбахтона, кормандони филиали Ширкат дар ҳама ҷанбаҳо комёб буда, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ронандагону мусофирони гиромиқадр аз роҳи ҷавобгӯйи талаботи байнамилалӣ баҳравар бошанд.  Бо инобати гуфтаи боло, дар давоми рӯзҳои охир кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб ба таъмиру таҷдиди роҳи мавриди назар  вусъати тоза бахшида,  нуқсонҳои аз километри 19 то 23 баамаломадаро бартараф намуданд. Таъкид менамоем, ки минбаъд низ ин иқдом идома ва густариш ёфта, бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода хоҳем кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо