ДАР НАМОЯНДАГИИ СУҒД КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ ЁФТАНД

Роҳбарияти  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумњурии Тоҷикистон  амалӣ намудани ибтикорро љиҳати дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе Чанок  мадди назар қарор дода, дар ин ҷода ибтикороти зиёди қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишро амалӣ намудаанд. Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд дар ин ҷода хеле фаъол буда, дар давоми рӯзҳои охир корҳои ободонӣ дар ин минтақа ба марҳилаи сифатан ворид гардиданд. 

  Пур намудани чуқурчаҳои роҳ бо асфалт аз  километри 178+000 то 179+000, тоза кардани ҷуйборҳои оҳану бетонӣ,  қубурҳои обгузари оҳану бетонӣ аз  километри 165+726 то 178+000 ва  километрҳои 354 то 358,  пур кардани тарқиши роҳ бо битум дар   аз километри 237+600 то 258, тоза кардани ҷуйборҳои оҳану бетонӣ ва қубурҳои обгузар аз  километри 256+000 то 237+500 номгўйи нопурраи корҳои дар ин рўзҳо амалишуда мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо