БАРФИ ҒАЙРИИНТИЗОР ДАР ШАҲРИСТОН
ИН ОМИЛ ДАЛЕЛИ БЕБАҲСИ ОН АСТ, КИ РОҲИ ДУШАНБЕ -ЧАНОК АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ЗИЁДТАР ОСЕБПАЗИР БУДА, НИГОҲДОРИИ ОН КОРИ САҲЛУ СОДА НЕСТ
Дирўз (17-уми апрел) дар минтақаи Шаҳристон боришоти борон ба барф табдил ёфт. Бо дарназардошти омодагии ҷиддии кормандони филиали Ширкат боришоти барф ба ҳолати роҳ ва раванди ҳаракати воситаҳои нақлиёт латма ворид карда натавонист. Дар навбати аввал роҳ бо маводи зиддилагжиш коркард шуда, дар сурати пеш омадани зарурат тадбирҳои дигари дахлдор андешида мешаванд.
Дар дигар китъаҳои масири роҳ боришоти борон идома дошта, дар сурати рух додани ҳодисаҳои ғайриинтизор, аз қабили резиши сангпора ва лағжиши куҳпора аз ҷониби кормандони филиали Ширкат бо ҷалби техникаҳои пуриқтидор филфавр чораандешӣ мешавад. Умури корҳо зери назорати доимии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, барои таъмини ҳаракати бемонеа ва бехатари ронандагону мусофирон имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода шуда истодааст.