РЕЗИШИ САНГПОРА ДАР КИЛОМЕТРҲОИ 139-159

Тавре аз Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон иттилоъ доданд, имруз (16 апрел) бар асари борони пуршиддат аз километри 139 то 159-уми рохи Душанбе-Чанок резиши сангпора ба амал омад. Вобаста ба ҳолати мазкур кормандони Намояндагии филиали Ширкат филфавр чораандеши намуда, бо истифода аз техникаҳои сафарбаршуда дар як муддати кутоҳ сангпораҳоро аз рох дур карданд. Тавре шоҳидони ҳол мегуянд, ронандагону мусофирон барои тадбирандешии бетаъхир ба кормандони филиали Ширкат арзи сипос намуданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз ронандагон даъват ба амал меорем, ки ҳангоми харакат дар рох аз эхтиёт кор гиранд. Ба ҳама роҳи сафед орзумандем!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо