САДАМА ДАР КИЛОМЕТРИ 238

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе - Чанок имкон фароҳам овардааст, ки ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин гардад. Бо истифода аз ин шароит баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таври бояду шояд риоя накарда, аксар маврид сураъти ҳаракатро баланд менамоянд, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, эҳтироми ҳамдигариро ба ҷой намеоранд, ба талаботи мавҷуда бетафовутӣ мекунанд, ки хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро зиёд менамояд.

 

Далели возеҳи ин суханон садамаи нақлиётие мебошад, ки 16 апрели соли равон, дар километри 238-уми роҳи Душанбе –Чанок рух дода, боиси чарохат бардоштани 2 нафар гардид. Ниходхои марбута ба тахкики ходиса шуруъ намуда, маълум хоханд кард, ки сабабхои рух додани садама кадомхоанд. Аз кулли ронандагон даъват ба амал меорем, ки таври бояду шояд ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо