Вокуниш Ҳазённомае, ки «тароша» -и аз бом афтода» аст

 

Вақте дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ «шиква»-ҳои  «аллома»-и бекор  Шервони Умриддинро хондем, онро чун «тарошаи аз бом афтода» қабул намудем. Мо- масъулини филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми фаъолияти худ борҳо бо чунин андешаҳои беасосу муғризона ва туҳматҳо мувоҷеҳ шудаву  бо фаъолияти самаранок ҷиҳати дар сатҳи хуб  ва сифати баланд анҷом додани рисолати худ ба ин нафарон посухи сазовор додаем, вале ин туҳмат дағалона  тамоми марзи иттилоърасонӣ ва  қавоини инсониро убур намудааст.  Аз муҳтавои навишта ва услуби иншои он бармеяд, ки донишу малакаи ин «ҷаноб», на ин ки «ба ҳар ду по мелангад», балки асояш низ меларзад. Як назари сатҳӣ ба мазмуну муҳтавои ин ҳазённома кофист, ки садҳо иштибоҳ (шурӯъ аз хатогиҳои имлоӣ то риоя нагардидани  талаботи жанрҳои журналистика) ифшо гардад. Пас аз мутолиаи «матлаб»-и мавриди назар ба дурустии ибтикори роҳбарияти Академияи илмҳо (чанде пеш Шервон аз ин ниҳод ронда шуда буд), муътақид гардидам.

  Собиқ раиси Иттифоқи журналистон, равоншод Акбари Саттор мунтазам таъкид менамуд, ки  барои инсон муҳим тасмими  гирифтааш аст. Агар тасмим тез – тез иваз шавад, пайомадаш ногувор аст. Ин гуфтаро дар мисоли муаллиф метавон баръало эҳсос намуд. Ин “аллома”-и “қавиирода” ва “якдилу якрӯ” пештар минҳайси корманди Академияи илмҳо аз мубаллиғони Ҳукумат ва мунаққидони ба ном мухолифон буд. Баробари аз кор ронда шудан ба қавле “ҷомаашро чаппа пӯшид”-у кунун худро мунаққиди Ҳукумат “мепиндорад”. Шикваҳояш аз сиёсати нодурусти кадрӣ , ки гӯё бо ин сабаб ин аллома наметавонад соҳиби ҷои кор шавад, далели гуфтаи болоанд. Гумони ғолиб он аст, ки Шервони Умриддин ин ҳазённомаро ба хотири он навиштааст, ки ба масъулини филиали Ширкат худро «қаламкаш» муаррифӣ карда, ба ин васила “обро лой карда, моҳӣ дорад”. Хестӣ, ки хобӣ “аллома”. Таъкид менамоем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бозии фиреби чунин нафаронро нахоҳем хӯрд.  Ва ҳаргиз аз нашри чунин ҳазённома ҳарос надорем...

  Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки роҳбарияти  Ширкат ҳамеша ҷонибдор ва ҳавасманди ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма буду ҳаст. Хушбахтона, афкори аҳли ҷомеа ва матолиби дар воситаҳои ахбори омма нашршуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамватанони азизи мо ба воқеияти ин гуфта дар мисоли  натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ ҳосил намудаанд. Сониян,  механизми зикршуда дар минтақа иқдоми ҷадид буда, моҳияти пилотӣ дошт. Аз ин рӯ, барои дуруст дарк намудани бартариҳои он аз ҷониби шаҳрвандон вақти муайян лозим буд. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан низ “аллома”ҳое назири Шервон бидуни ягон «сабаб» ва далели асоснок  фаъолияти Ширкат аз ҷониби як идда журналистони “аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ”  мавриди “таваҷҷуҳ” (интиқод) қарор  гирифтаву дар заминаи ироаву ибрози  «норозигӣ»- и хеш, ки аслан барои ин  қабил ашхос  падидаи маъмул ва амри муқаррарист, мехостанд худро  “тарғиб” кунанд. Мутаассифона,  дар ҷомеаи мо баъзе «бузургон» «сукутро аломати ризо» пиндошта, ибораи «ҷавоби аблаҳ сукут» -ро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаанд. Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давоми ду соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат  низ мавриди истифода қарор гирад. Шервон минҷумла  гуфтааст: «тарозуҳое, ки дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд сохта шудаанд ба рафту омади донишҷӯён монеъа мешаванд. Зеро кормандони он чун хӯҷаини роҳ аз ҳар як мошини омада истода, новобаста чӣ гуна мошин аст маблағи барзиёде меситонанд. Бо ин сабаб ронандагони мошинҳои сабукрави мусофиркаш, ки донишҷӯёнро бурда меоранд, роҳкироро хеле гарон карда, ба осмони ҳафтум бардоштаанд».

Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки ин суханони мавсуф  комилан дурӯғ буда, маҳсули тахайюлоти  ғализаш аст. Аз ҷониби дигар, «хулосабарорӣ»-и ин «аллома» шаҳодати он аст, ки аз фаъолияти филиали Ширкат ва муҳтавою аҳдофи шартномаи конссесионӣ комилан бехабар аст. Аз он ёдовар намешавад, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  мешуд. Ягон идораи нигоҳдории роҳқудрати давоми сол мавриди истифода будани онро кафолат дода наметавонист. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Чун дигар олусон Шервон низ нодида мегирад, ки имрӯз бо  шарофати фаъолияти «IRS» фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда ва аҳолӣ  тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст.

  Саволгузориҳои муаллиф низ хандаовар буда, рабте ба филиали Ширкат надорад.Барои мисол, ӯ изҳори нигаронӣ намудааст, ки “Чаро ва барои чӣ нархҳои мошинҳои мусофиркаши Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Исфара дар рӯзҳои истироҳати донишҷӯён — фарз кардем дар моҳҳои июн, август ё январ феврал ё дар шабу рӯзи Соли нав, ҷашни Наврӯз, иди Рамазону Қурбон нархи роҳкиро барои як нафар одам аз Душанбе то ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 100 то 150 сомонӣ мебарояд? Чаро баъзе ронандагони мусофиркаши Душанбе — Суғд аз рӯи мақоли "худам шоҳу табъам вазир" амал карда, нархномаи роҳкироро ба осмони ҳафтум баровардаанд? Ишками сер кай парвои ишками гушнаро дорад!».

  Шервон мақоли “Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат аз ӯ болотар”-ро сарфи назар карда, нодида гирифтааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок нафароне чун ӯ пешгӯйӣ карда буданд, ки нархи роҳкиро дар масири мазкур баланд мегардад. Хушбахтона, ин “фолбинӣ”-и онҳо ғалат баромад ва нархи роҳкиро таври қобили мулоҳиза поён рафт. 

  Дар идомаи сафсатаҳо омадааст, ки “Ҳоло бошад роҳи Душанбе — Хуҷанд ба ширкати хусусии ИРС на ба иҷора, балки ба мӯҳлати 30 сол ба таври ройгон супорида шуд ва ин кор дар давлате сурат гирифт, ки зиёда аз 45% аҳолиаш дар ҳолати камбизоатӣ қарор дорад”. Боракалло! Далелҳои овардашуда “кашфиёт”-и кист, Шервон медонаду халос!  Муаллиф бояд донад, ки дар давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии қариб 60 километр роҳ,  Ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард.

Аз он бояд ёдовар шавем, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми навсозишудаи  толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст.Муҳимтар аз ҳама, ҳудуди 1000 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ  масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Боиси таассуф аст, ки ҳамасола, аз ҳисоби харидории техникаҳои нави пуриқтидор ғанӣ шудани пойгоҳи техникии филиали Ширкат низ аз мадди назар баъзан дур мемонад.  Ва ғайраҳои дигар...

  Сафсатаи дигар ин аст: “Дар шоҳрои Душанбе — Суғд дар як сол қариб 100 садамаи нақлиётӣ мешавад ва 100 нафар аз олам чаш мепӯшанд. Чаро ширкати хусусии ИРС, ки барои нигоҳдории роҳ муваззаф асту аз ронандаҳо маблағ меситонад ва чаро дар паҳлӯҳои ин шоҳроҳ садд намесозад, ки агар нақлиёт ба садама дучор шавад ба ҷарӣ нафурояд?” (услуби навишти муаллиф ҳифз шудааст).  

Борҳо гуфтем ва барои “кар”-ҳое чун Шервон иловатан таъкид менамоем, ки ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали Ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад,  таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Ин омил далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти Ширкат нисбат ба  нигоҳдории роҳ бо дарки масъулият муносибат намуда, ҳаргиз бетафовутиро ихтиёр накардаанду намекунанд. Барои мисол, хеле пештар ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти Ширкат бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ  оғоз гардида, то ин замон дар масофаи 9000 метри тӯлонӣ чунин деворҳои ҳимоявӣ сохта ва ё гузошта  шуданд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом аллакай ҷони як идда мусофиру ронандагони дар ин масир ҳаракаткунандаро аз марг наҷот дод. Ба ибораи дигар, мавҷудияти чунин деворҳо чандин автомобилро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар, роҳбарияти филиали Ширкат ин масъаларо дар сархати авлавиятҳо қарор дода, гузоштану бунёди  чунин деворҳо давом дорад.Аз он ки Шервон ин омилҳоро нодида мегирад, парвое надорем, зеро кулли ибтикори мо ба хотири худнамоӣ набуду нест.

Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки тамоми ибтикори мо, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ, дар ихтиёр доштани зиёда аз 181 техникаву таҷҳизот, омодагии ҷиддӣ дидан ба мавсими сармо, фароҳам намудани шароит барои ҷойгирнамоии нафарони дар банди барф дармонда дар хонаҳои усто, таври густурда ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил намудани навбатдории шабонарӯзӣ ва ғайра,  пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон  нигаронида шудааст. Ба ғайр аз ин, ба наздикӣ филиали Ширкат автомобили махсуси сӯхторхомӯшкуниро, ки ҷавобгӯйи талаботи замони муосир аст, харидорӣ ва барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ба нақби Шаҳристон сафарбар кард. Автомобили мавриди назар ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон, таъмини амнияту бехатарӣ истифода хоҳад шуд.

 Барои фаъолияти муназзами он дастаи махсуси оташнишонҳо, иборат аз 15 воҳиди корӣ,  таъсис ёфта, нигоҳдории даста ва пардохти музди меҳнати аъзои он аз ҷониби филиали Ширкат амалӣ мегардад.  Дастаи мазкур дар нақби «Шаҳристон» мустақар шуда, барои онҳо макони будубош омода шудааст. Таъкид менамоем, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, анъанаҳои ниёгон ва расму оинҳои миллӣ аз мадди назари  роҳбарият дур набуду нест. Мо дар ҳама ҳолат ҳодисаҳои ногувор, аз қабили фавти одамон, рух додани садамаҳои нақлиётӣ ва ғайраро чун мусибати худ қабул намуда,  аз рух доданашон мутаассифем.   Нуктаи дигаре, ки дар доираи ин мавод мехоҳем ба он рӯшанӣ андозем, ин танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и Ширкати «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» набудани истифодаи  роҳҳо тариқи пардохти муайян  аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Россия ва ғайра  низ мавриди истифода аст. Муҳим он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

  Иншои ин «мақола» аз он шаҳодат медиҳанд, ки «дар ҷомеаи мо ҳастанд афроде, ки ҳамарӯза бо роҳнамоии шайтон аз китфи чап бо ниятҳои муғризона аз хоб мехезанд. Ва он ният ин аст, ки имрӯз ҳам аз иғвохалтаю дасисатурбаи худ порае ба атроф партоб кунанду бозори ҳангоматалабонро гарм созанд. Агар шуду дасисаю иғвои навбатӣ ба ҳадаф расид, ин зумра ҳамон рӯзро бо табъи болида паси сар мекунанд ва агар не, рӯзашон сиёҳу шомашон торик, авқоташон талху шабашон ҳаром мегардад». Боиси таассуф аст, ки  Шервон ба чунин бемории табобатнашаванда гирифтор шудаву аз иғвохалтаю дасисатурбаи хеш мунтазам туҳмату сафсатаҳои беасосро раво дониста, ба ин васила шояд худро «сабук» ва «хунук» менамоянд. Мефаҳмем, “аз бекорӣ - кадукорӣ”...

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо