Дидбонгоҳи муваққатӣ дар километри 136 барҳам дода шуд.
Бо амалӣ гардидани ин иқдом дар масири роҳи Душанбе – Чанок ягон дидбонгоҳ боқӣ намонд
Тибқи муқаррароти мавҷуда, бояд дар масири роҳи Душанбе- Чанок дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда набошанд. Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки филиали Ширкат бо БДА ВКД ҶТ ҳамкорӣ надошта бошад. Баръакс, ҳамкориҳои мо БДА ВКД ҶТ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дошта, дар ҳама ҳолат аз дастгириҳои беғаразонаи роҳбарият ва кормандони ин ниҳод бархӯрдорем. Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда, фаъолияти кормандони БДА дар роҳи мавриди назар тавассути мошинҳои ба истилоҳ патрул, тариқи сайёр ҷараён дошта, ташкили дидбонгоҳи доимоамалкунанда ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат дода намешавад. Ронандагону мусофирони тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафаркарда медонанд, ки дар километри 136-уми роҳи зикршуда дидбонгоҳи муваққатӣ амал менамуд. Гуфтан бамаврид аст, ки ин дидбонгоҳ моҳиятан барои танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт бинобар зарурат дар мавсими боришот таъсис шуда буд. Иттилоъ медиҳем, ки шурӯъ аз 3-юми апрели соли равон фаъолияти ин дидбонгоҳ, ки дар масири мазкур ягона дидбонгоҳи муваққатӣ маҳсуб мешуд, қатъ гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мунтазам чорандешӣ мешавад. Роҳбарияти филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, ки ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чанок барои ронандагону мусофирон бехатар, бароҳат ва саҳл бошад. Бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода шуда, ин омил дар сархати авлавиятҳои филиали Ширкат қарор дорад. Хушбахтона, ибтикори амалишуда самар оварданд ва айни замон сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣҷавобгӯ баҳраваранд. Дар маҷмӯъ, роҳбарияти ва кормандони филиали Ширкат ба роҳандозӣкардани ибтикоре, ки ба ҳаракати бароҳату бехатари ронандагону мусофирон дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак ва нигоҳ доштани сифати роҳ барои муҳлати зиёдтар имкони бештар фароҳам меорад, ҳавасманд ва манфиатдоранд.