Аз имтиҳонҳои табиат бо сарбаландӣ гузаштан мароми мост

Баҳори имсола бо боришоти мунтазам шурўъ гардида, барои кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳоноти ҷиддии навбатиро пеш овард. Хушбахтона, ин навбат низ кормандони мо онҳоро бо сарбаландӣ гузашта, собит намуданд, ки воқеан ҳам нигоҳбони масъулиятшиноси роҳи Душанбе – Чанок мебошанд.  Кулли кормандони филиали Ширкат хуб дарк менамоянд, ки ба шарофати бозсозӣ шудани ин роҳ, ки дар ҷисми кишвар шоҳраг аст, хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў бархўрдоранд. Муҳимтар аз ҳама, дар сурати сари вақт ва таври бояду шояд иҷро нагардидани рисолати ба зиммаашон вогузоршуда вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.

Бо дарки масъулият мегўем, ки аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадоштааш таври мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст.  Нуктаи муҳим он аст, ки филиали Ширкат барои  тибқи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани  вазифаҳояш  имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат,  корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Ин гуфта дар рўзҳои боришоти шадиди рўзҳои охир исботи худро ёфт.

  Илова бар ин, таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали филиали Ширкат  ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ҷоиз ба зикри  алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддӣ  қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучак дар масири роҳ, пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори кўҳистон ҷойгир будан, роҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Дар таҷрибаи корӣ ҳолатҳое буданд, ки ҳато дар моҳи август боришоти шадиди борон ба амал омада буд. Табиист, ки ин омил сарбории   кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чораандешиҳои фавриро ҷиҳати рафъи пайомади офатҳои табиӣ тақозо менамояд.

 Маълумоти аз намояндагиҳои филиали Ширкат дастрасшуда аз он ҳокианд, ки дар рўзҳои таҷлили ҷашни Наврўз кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро беш аз пеш тавсеа бахшида, кўшиш ба харҷ доданд, ки ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи зикршуда таъмин бошад. Хушбахтона, онҳо дар ин ҷода комёбанд..

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо