Сарфи назар аз хатару мушкилоти зиёд фаъолият муназзаму пурмаҳсул аст
Дар давоми рӯзҳои охир дар мамлакат боришоти борон беист идома ёфта, сарбории кормандони соҳаи роҳу нақлиётро бамаротиб зиёд намуд. Хоса, роҳи Душанбе – Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвор мегузарад, аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир буда, аз кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи консесионӣ нигоҳдории роҳи мазкурро ба зимма доранд, масъулиятшиносиву шабзиндадориро тақозо менамояд.
Чун рӯзҳои қаблӣ шоми 14 марти соли равон низ кормандони филиали Ширкат шабзиндадор буданд, зеро дар километри 48-уми роҳи мавриди назар тармаи калонҳаҷм фаромада, маҷрои дарёи Варзоб ва ин қисмати роҳро пурра баст. Бо дарназардошти ҳолати баамаломада техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат, аз ҷумла булдозерҳо филфавр ба макони офати табиӣ табиӣ сафарбар шуда, сарфи назар аз шабонгоҳ рух додани офати мазкур ва мавҷудияти хатарҳои зиёд баҳри бетаъхир бартараф намудани он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода гардид. Маҳз ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки дар як муддати кутоҳ тармаи зикршуда бартараф ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин шавад. Мутаассифона, офати мазкур ба ин қисмати роҳ (манзур километри 48 аст) зарари ҷиддӣ расонида, як қисмати онро аз лиҳози талаботи бахши роҳсозӣ корношоям кард.
Мавриди зикр аст, ки боришоти барфу борон дар масири роҳи Душанбе – Чанок аз 26 ноябри соли гузашта шурӯъ гардида, бо таваққуфи кутоҳмуддат бемайлон идома дорад. Ҳарчанд ҳоло дар водиҳо аз барф нишоне нест, вале дар ин масир боридани барф, борони пуршиддат, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора хеле зиёд ба амал меояд. Табиист, ки чунин ҳолат аз кормандони филиали Ширкат истифодаи густурдаи неру кормандон ва техникаву механизмҳои мавҷударо, ки теъдодашон зиёда аз 181-торо ташкил медиҳад, тақозо менамояд. Метавон гуфт, ки ин рисолат аз ҷониби онҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуда истодааст. Дар навбати аввал, техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зидди лағжиш таври густурда ва мунтазам ҷараён дорад. Муҳимтар аз ҳама, новобаста аз боришоти шадиди барфу борон ва тамафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир (ба истиснои замони бартарафсозии тармаҳо) умуман қатъ нагардидааст. Тармафароӣ асосан дар километрҳои 48-72, лағжиши сангпораҳо дар километрҳои 20 ва 39, бориши беисти борон дар километрҳои 10-157-уми роҳ ба амал меояд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми вақт дар канори кормандон қарор дошта, умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.
-Омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шудаст. Биноан, бо дарки масъулият мегӯем, ки рисолати хеш- нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро минбаъд низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро хоҳем кард,- мегӯянд масъулини филиали Ширкат.
Хотиррасон мешавем, ки аввалин тарма дар масири мазкур набуда, кормандони филиали Ширкати саҳоми “Инновейтив Роуд Солюнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза теъдоди зиёди тармаҳои хурду бузург ва кӯҳпораҳои фаромадаро бетаъхир бартараф мекунанд.
Барои мисол, шоми 10 марти соли равон низ дар километри 71,600 –уми роҳи Душанбе – Чанок тармаи бузургҳаҷм фаромада буд, ки дарозиаш 270 метр ва баландиаш 8 -10 метрро ташкил медиҳад. Он вақт низ 6 техникаи пуриқтидори филиали Ширкат машғули тоза кардани тарма буданд.
Муҳимтар аз ҳама, бо дарназардошти вазъияти баамаломада роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки барои бартарафсозии тарма маротибаи аввал булдозерҳоро истифода намояд. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба боришоти шадиду тармафароии зимистони солҳои 2016-2017 филиали Ширкат теъдоди муайяни булдозерҳоро, ки истеҳсоли ширкати бонуфузи олам мебошанд, харидорӣ намуда буд. Масъулини филиали Ширкат аз ин корхонаҳо дидан намуда, баъд аз муътақид шудан ба махсусиятҳои булдозерҳои мавриди назар ва мувофиқ буданашон барои истифода дар роҳи Душанбе – Чанок, барои харидории онҳо ба мувофиқа расида буданд. Ҳамрадиф бо ин, барои сари вақт ба макони зарурӣ интиқол додани онҳо трейлер низ харидорӣ гашта буд.
Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” сафарбар шуданд, тармаҳое, ки ҳаҷмашон қобили мулоҳиза маҳсуб мешавад, дар як муддати кутоҳ бартараф гардиданд.
Дар маҷмӯъ, далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки сарфи назар шабонгоҳ ба амал омадани офтаҳои табиӣ ва мавҷудияти хатари зиёд кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ монда, собит намудаанд, ки ба маънои томаш нигоҳбони боэътимоди роҳи Душанбе – Чанок маҳсуб мешаванд.