Тармаи 300 метраи роҳи Душанбе –Чанок филфавр бартараф шуд

Шоми  7 марти соли равон дар километри 71 –уми роҳи Душанбе – Чанок тармаи бузургҳаҷм фаромад, ки ки дарозиаш ҳудуди 300 метр ва баландиаш 8 метрро ташкил дод.  Кормандону техникаҳои филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филфавр ба макони тармафароӣ  сафарбар шуда, дар як муддати кӯтоҳ онҳоро бартараф намуданд.  Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки мушкилиҳо хеле зиёд буданд, вале дар қиболи кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат сафарбар шуда буданд,  тармаҳои фаромада ва боришоти шадиди барф оҷиз монданд.

Мавриди зикр аст, ки ин аввалин тарма дар масири мазкур набуда, кормандон ҳамарӯза теъдоди зиёди тармаҳои хурду бузург ва кӯҳпораҳои фаромадаро бетаъхир бартараф мекунанд. Дар навбати худ, ронандагону мусофирон ба роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат барои масъулиятшиносӣ ва бетаъхир чораандешӣ намуданашон арзи сипос намуда, гуфтанд, ки воқеан ҳам роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад.

 

   Айни замон низ дар ин масир боришоти барф ва борон идома дошта, кормандони филиали Ширкат шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Дар навбати аввал, техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зидди лаѓжиш таври густурда ва мунтазам ҷараён дорад.  Тибқи иттилои дастрасшуда, новобаста аз боришоти шадиди барфу борон ва тамафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир умуман қатъ нагардидааст. Тармафароӣ асосан  дар километрҳои 65-72, фаромадани сангпораҳо дар километрҳои 20 ва 39, бориши беисти борон дар километрҳои 10-157-уми роҳ ба амал омада, сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дучанд намудааст.  Роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми вақт дар канори кормандон қарор дошта, умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Самараи чунин масъулиятшиносӣ аст, ки сарфи назар омилҳои зикршуда ҳаракати нақлиёт дар масири мазкур умуман қатъ нагардид.

 Муҳимтар аз ҳама, омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса  ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилаѓжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Биноан, бо дарки масъулият мегӯем, ки рисолати хеш- нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро минбаъд низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро хоҳем кард.

Айни замон роҳ  кушода  ва ҳаракати муназзами  воситаҳои нақлиёт таъмин аст.   

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо