Модарон ва хоҳарони азиз!
Бароям боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки дар симои шумо тамоми модарону бонувони кишвари азизамонро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, барояшон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Бешубҳа, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат маҳсуб шуда, аз ин лиҳоз инсоният ба ин чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт таври бояду шояд арҷ мегузошту мегузорад.
Моҳиятан зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, дар айёми таҷлили Наврўз воќеъ афтодани ин ҷашн рамзи нек аст ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми модарон шурўъ мешавад. Бо дарназардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози давлатдории хеш ба масъалаҳои ба занон рабтдошта таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин раванд муттасил аст. Ҳамрафдиф бо дигар омилҳо, санадҳое кабул шуданд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занон мусоидат менамоянд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз ҳамон ҷумла буда, барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон саҳми бориз гузоштанд.
Ин омил замина фароҳам овард, ки солҳои охир теъдоди занони соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳмгузоранд.
Дар филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ѓамхорӣ ба занон дар сархати авлавиятҳо ќарор дошта, занон аз эҳтироми хоса бархурдоранд. Роҳбарияти филиали Ширкат ин масъала – ҷалби занони масъулиятшинос барои корро минбаъд низ тавсеа бахшида, кўшиш ба харҷ хоҳем дод, ки теъдоди занони ташаббускор дар филиали Ширкат зиёдтар гардад.
Дар фарҷом бори дигар шуморо ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод орзу менамоям.
Асомиддин Азизов, Директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон