Вусъати беш аз пеши корҳои ободонӣ ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ рабт дорад

Тоҷикон фарорасии баҳор ва ҷашни писандида ва дӯстоштаи хеш- Наврӯзро  аз даврони куҳан бо ҷалолу шукӯҳи хос таҷлил менамоянд. Ҷашни Наврӯз барои мардуми мо рамзи рӯзгори осуда, зиндагии ширин ва пурфайзу баракат мебошад. Бесабаб нест, ки намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа кўшиш менамоянд онро бо дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш  истиқбол гиранд.

Биноан, кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи баҳори фархундапай корҳои ободониро дар масири роҳи Душанбе – Чанок беш аз пеш вусъат бахшиданд. Тавсеа ёфтани корҳои ободонӣ аз сафарбар шудани кормандони филиали Ширкат ба ҳашарҳои дастаҷамъӣ, рангубори  иншооти канори роҳ, густариши барқарорсозии ҷойҳои осебдидаи роҳ, тоза намудани ҷўйборҳои канори роҳ ва ѓайра баръало буда, бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода шуда истодааст.

Борҳо гуфтем ва иловатан таъкид менамоем, ки муносибати роҳбарияти филиали Ширкат ба иҷрои рисолат – нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок хоса ва хеле ҷиддӣ буда, дар сурати ба вуҷуд омадани кучактарин нуксон дар ин масир баҳри рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар корҳои ободонӣ кормандони тамоми намояндагиҳои филиали Ширкат фаъолона иштирок дошта, дар ин замина ҳолати роҳи мавриди назар боз ҳам беҳтар ва намои он назарработар гардид.

Омили мазкур далели бебаҳси он аст,  кормандони филиали Ширкат бо дарназардошти он ки айёми баҳор бидуни тардид ба корҳои ободонӣ иртиботи ногусастанӣ дорад, ба он арҷ мегузоранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо