Шабзиндадорӣ ба хотири таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, сарфи назар аз боришоти хеле шадид ва тармафароии бидуни фосила, фаъолияти кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» лаҳзае қатъ нагашта, барои таъмини ҳаракати бехатару муназзаму воситаҳои нақлиёт аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода шуд. Бе муболиға метавон гуфт, ки чун рӯзҳои қаблӣ, сарфи назар аз мавҷудияти хавфи зиёд ( манзур фаромадани тарма аст) кормандони филиали Ширкат дар ин масир фаъолияти шабонарӯзӣ доштанд. Раванди корҳо зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар ин замина тармаҳои фаромада, ки теъдодашон зиёда аз 70 –торо ташкил медиҳад, бартараф шуданд.
Имрӯз низ шурӯъ аз субҳи содиқ, новобаста аз мушкилоту монеъаҳои мавҷуда, кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро ҷиҳати таъмини харакати воситаҳои нақлиёт вусъат бахшида, айни замон кор дар ин масир ҷӯш мезанад. Мутмаинем, ки ҳамватанонамон бо дарназардошти ҳолати баамаломада ва ибтикороти филиали Ширкат, ки аз ҷониби Маркази матбуоти он дар сомонаи филиали Ширкат ва воситаҳои ахбори омма таври густурда инъикос шуда истодааст, хулосаи зарурӣ мебароранд ва бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ намебароянд.
Бидуни шубҳа хулосаи ниҳоӣ он аст, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам масъулиятшинос буда, корҳои амалишуда далели бебаҳси ин гуфта аст. Айни замон ҳаркати воситаҳои нақлиёт таъмин буда, ронандагонро зарур аст ба маълумоти пешниҳодмегардида мутаваҷҷеҳ шаванду пас аз он азми сафар намоянд.