Муваққатан боздоштани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба таъмини бехатарӣ ва зудтар тоза кардани тармаҳо рабт дорад
Бар асари боришоти аз ҳад зиёди барф ва фаромадани тарма вазъ дар минтақаҳои баландкӯҳ ва роҳҳои мамлакат, аз ҷумла роҳи Душанбе - Чанок мураккаб шуда, имконияту иқтидори мавҷудаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рафъи оқибатҳои боришоти зиёди барфу борон, тармафароӣ сафарбар шудааст. Тавреқаблан иттилоъ дода будем, давоми чанд рўзи охир бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф ва тармафароӣ аз километри 48 то 84-юми роҳи Душанбе – Чанок мушкилоти зиёд рӯи кор омад. Новобаста аз ин омил кормандони филиали Ширкат рисолати худро сарбаландона иҷро намуданд ва умуман баста нашудани роҳ давоми ин рўзҳо далели бебаҳси гуфтаи болост.
Дар робита ба ҳолати фавқ, теъдоди зиёди техникаҳои роҳдории филиали Ширкат дар масири роҳ фаъолияти шабонарўзӣ дошта, аз дирўз инҷониб зиёда 70 тарма бартараф шуд. Айни замон фаромадани тарма ба раванди муттасил табдил ёфтааст ва бо дарназардошти таъмини бехатарии шаҳрвандон ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати беътахир бартараф намудани тармаҳо роҳбарияти филиали Ширкат дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД ҶТ тасмим гирифтанд, ки ҳаракати нақлиётро муваққатан (барои чанд соат) боздоранд. Таъкид менамоем, ки тасмими мазкур ба ҳифзи неъмати бебаҳо - ҳаёти мусофирону ронандагон рабт дошта, мутмаинем, ки мунсифона баҳогузорӣ мегардад. Дар навбати худ, кормандони филиали Ширкат тамоми кўшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод то дар наздиктарин фурсат ҳаракати бехатару муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин шавад.