40 тарма бетаъхир бартараф шуд

Шурӯъ аз дирӯз, дар натиҷаи боришоти шадиди барф дар дар масири роҳи роҳи Душанбе – Чанок  тармафароӣ ба амал омад.  Кормандону техникаҳои филиали Ширкат филфавр барои рафъи ҳолати баамаломада  сафарбар шуда, дар як муддати кӯтоҳ онҳоро бартараф намуданд. 

Тибқи иттилои дастрасшуда, баланди барф дар масири роҳи Душанбе –Чанок қобили мулоҳиза буда, айни замон низ боришот идома дорад. Дар маҷмӯъ, азми қавӣ ва масъулиятшиносии  кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  замина фароҳам овард, ки онҳо дар як муддати кӯтоҳ тармаҳоро  бартараф ва роҳро  аз барф  тоза гардад.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки мушкилиҳо хеле зиёд буданд, вале дар қиболи кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат сафарбар шуданд,  тармаҳои фаромада ва боришоти шадиди барф оҷиз монданд. Айни замон роҳ  кушода  ва ҳаракати бемонеаи воситаҳои нақлиёт таъмин аст.   

 

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо