Мулоқот дурнамои равобитро мушаххас намуд
Дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён доштани фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф ба масъулиятшиносиву поквиҷдонии роҳбарият ва кормандони он марбут бошад, аз ҷониби дигар, тавсеаи равобит бо ташкилоту идораҳои зиддахли хориҷи кишвар ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар раванди фаъолият омили таҳрикбахш ҷиҳати ноил гардидан ба комёбиҳои қобили мулоҳиза аст. Мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда, ки навгониҳои зиёдро ба думбол дошт, аз ҷумлаи чунин ибтикор буда, бартарӣ ва манфиати ин иқдомро айни замон ронандагону мусофирон баръало эҳсос намуда истодаанд. Дар мулоқотҳое, ки 13 феврали соли ҷорӣ аъзои Шӯрои нозирони филиали Ширкат ва роҳбарияти он бо намояндагони ширкати муътабари “Tecsidel”- Хектор Лопез, ва Боян Юовесевич доир намуданд, ин нукта таъкид гардид.
Дар робита ба лоиҳаҳои аз ҷониби ин ширкат амалигардида аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат андешаҳояшонро иброз дошта, ҷиҳати такмили ин раванд пешниҳодоти судмандро дар заминаи далелҳои асоснок баён карданд. Минҷумла зикр шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду ҳаст.
Фаъолияти муштарак имкон фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд. Бори дигар таъкид гардид, ки масъалаи мазкур яке аз мақсадҳои асосии филиали Ширкат вобаста ба иҷрои рисолаташ - нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак маҳсуб мешавад.
Дар маҷмӯъ, филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва”Tecsidel” ба ҷорӣ кардани низоми нав, ки барои ҳаракати бароҳату бехатари ронандагону мусофирон дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак ва тамдиди муҳлати истифодаи роҳ имкон фароҳам овард, ҳавасманду манфиатдор буда, аҳли ҷомеа низ ин дастовардро арзандаи ситоиш арзёбӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки “Tecsidel” ширкати аврупоӣ буда, таҷрибаи ғаниро дар бахши идоракунии низоми толлингӣ дорад. Кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Россия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳундустон ва ғайра аз таҷҳизоти истеҳсолменамудааш васеъ истифода намуда истодаанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки татбиқи чунин лоиҳа дар Осиёи Марказӣ дар таҷрибаи “Tecsidel” таҷрибаи аввалин аст.
Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи пешсафон маҳсуб шуда, фаъолияташ вобаста ба тақозои замон густариш ёфта истодааст. Ба роҳбарияти он барои эътимодашон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти муштарак арзи сипос намуда, ифтихормандем, ки бо чунин Ширкати муътабар ҳамкорӣ дорем,- гуфтанд дар фарҷоми мулоқот намояндагони “Tecsidel”.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил гузашт