​​​​​Истифодаи пулакии роҳ дар Қирғизистон низ роиҷ мегардад

Истифодаи пулакии роҳ дар Қирғизистон низ роиҷ мегардад  

Матолиби иншонамудаи  журналист ва ибрози назари коршинос замоне ҳадафрасу ҷолиб гардида, муҳимият касб менамояд, ки дар заминаи далелу арқоми асоснок рӯи саҳифа омада бошад. Ағлаб вақт мушоҳида менамоям, ки баъзе журналистони ба истилоҳ «саршинос» ва коршиносони  «мустақил»  бидуни овардани манбаъ андешаҳои подарҳаво ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури хешро ба хонандагон таҳмил намуданианд. Вале хонандаи закиро  наметавон гумроҳ ва ё фирефта намуд.

Нуктае, ки дар доираи ин матлаб мехоҳем ба он рўшанӣ андозем, ин танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» набудани истифодаи  роҳҳо тариқи пардохти муайян  маҳсуб меёбад. Зеро як идда журналистон ва баъзе ба ном коршиносони мустақил атрофи ин мавзўъ бе ироаи далелу арқоми асоснок андешаронӣ менамоянд. Аз «хулоса» ва ибрози назари ин «бузургон» чунин бармеояд, ки гўё роҳи пулакӣ танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и  филиали Ширкат бошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, овардани далели зерро бамаврид медонем.: 18 январи соли равон дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» нигоштааст. Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қиғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар Жамшитбек Калилов зимни шарҳи масъалаи мазкур минҷумла гуфтааст, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек – Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз ҷониби Форуми байналмилалии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд.  Дар ин зимн, ҳамрадиф бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҳолати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо низ баҳогузорӣ гардид. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки дар рейтинг Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд.  Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар мақоми 70-ум қарор гирифта,  ба Қазоқистон ва  Қирғизистон  мутаносибан ҷойҳои 115 ва  122-юмро сазовор донистанд.

Қарор гирифтани мо сари Ҷумҳурии Қирғизистон бесабаб нест. Зеро он кишвари ҳамҷавор маҳсуб ёфта, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон умумиятҳои зиёд дорад. Аз ҷониби дигар, агар мо кишварҳои хориҷи дурро интихоб мекардем зери борони маломати «бузургон»-и зикршуда мемондем, ки барои муқоисаи Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла мамлакатҳои Аврупо барвақт аст.Ҷоиз ба зикр аст, ки истифодаи пулакии роҳ дар Федератсияи Россия чандин сол инҷониб таври густурда мавриди истифода аст.

Дар маҷмўъ, истифодаи пулакии  роҳ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳои ҳамҷавор низ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Муҳимтар аз ҳама, пайравӣ намудани дигар кишварҳо ба ин таҷриба далели он аст, ки  он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Мо ин омилро дар мисоли  натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида намуда истодаем.

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо