ФАЪОЛИЯТ ҲАТТО ШАБОНА ҚАТЪ НАМЕГАРДАД

 

 

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи онҳое, ки азми сафар тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанокро доранд мерасонем, ки боришоти шадиди барф ва борон, ки дирӯз шурӯъ гардида буд, то кунун идома дорад. 
Сарфи назар аз ҳолати баамаломада кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. 
Бо ин мақсад навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуда, коркарди роҳ бо маводи зиддилагжиш ва тоза кардани он аз барф ҳатто шабона қатънагардид.
Айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. 
Бо истифода аз фурсати муносиб аз шаҳрвандон хохишмандем бо омодагии ҷиддӣ ва воситаҳои нақлиёти дорои тири пешбаранда ба сафар бароянд. 
Сафаратон бехатар бод!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо