ПОЙДЕВОРҲОИ ОҲАНУ БЕТОНӢ - КАФОЛАТИ ТАМДИДИ МУҲЛАТИ ИСТИФОДАИ РОҲ
Бунёди иншооте, ки ба тамдиди муҳлати истифодаи роҳ мусоидат менамояд, дар сархати авлавиятҳои мо қарор дошта, дар ин самт корҳои зиёд амалӣ шудаанд.
Эъмори пойдевори оҳану бетонӣ дар қитъаҳое, ки хавфи фуруравии роҳ вуҷуд дорад аз ҷумлаи чунин ибтикор буда, дар ин раванд масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода шуда истодааст. Ибтикори мазкур идомаи мантиқии иқдомоти қаблан амалишуда маҳсуб шуда, роҳбарияти филиали Ширкат бобати дар оянда густариш бахшидани ин раванд азми қатъӣ доранд.