САФАР БЕ ОМОДАГИИ ҶИДДӢ ВА БО НАҚЛИЁТИ БИДУНИ ТИРИ ПЕШБАР ҚОБИЛИ НЕСТ

 

Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. 
Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии иқлим роҳи Душанбе – Чанок кушода буда, ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳавои ноустувор дар кишвар ҳушдор дода, таъкид намуда, буд дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридани барф дар назар аст. Дар баробари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии мамлакат низ аз ронандаҳо даъват кард, ки воситаҳои нақлиёти худро барои истифода ба фасли зимистон омода намоянд. БДА ба ронандаҳое, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат менамоянд, тавсия додааст, таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағшиш, аломати исти садамавӣ бо худ гиранд.

Пешгӯйӣ ва огоҳсозии шаҳрвандон доир ба вазъи обу ҳаво рисолати сохторҳои зикршуда аст ва он набояд боиси ба таҳлука афтодани аҳолӣ гардад. Табиист, ки фасли сармо махсусиятҳои худро, амсоли сардӣ, яхбандӣ, боришоти барф, фаромадани тарма ва ғайра дошта, шаҳрвандон бояд аз ин ҳаводиси табиӣ дар ҳарос набошанд. Зеро сохторҳои марбута дар робита ба чунин ҳолатҳо муваззафанд, ки барои таври муназзам пеш рафтани кору зиндагии шаҳрвандон ҷаҳду талош намуда, шароити лозимаро фароҳам созанд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, роҳбарият ва кормандони Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро бовар мекунонанд, ки сарфи назар аз вазъи обу ҳаво фаъолияти филиали Ширкат чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд сурат хоҳад гирифт. Барои ин шароиту имконоти зарурӣ фароҳам буда, омодагӣ ба мавсими мавриди назар ҷиддӣ аст.

Ҳамрадиф бо ин, аз ронандагоне, ки азми сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанокро доранд, даъват ба амал меорем, ки тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро мадди назар дошта, бидуни омодагии ҷиддӣ (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, бо худ доштани таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш-занҷир,болиштаки зиддилағшиш, аломати исти садамавӣ) ба сафар набароянд.

Табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки аксар вақт инсон дар қиболи он оҷиз аст. Шоҳиди он ҳастем, ки дар баъзе маврид сокинони кишварҳои пешрафтаи олам низ дар робита ба офатҳои табиӣ ба мушкил мувоҷеҳ гардида, ба фаъолияту зиндагиашон латма ворид мегардад.

Бо дарназардошти ин гуфта муътақидем, ки ҳамватанонамон вазъиятро дуруст дарк намуда, ба он баҳои мунсифона медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо