Ронандагон ва мусофирони гиромиқадр!
Иттилоъ медиҳем, ки новобаста аз шадид ва беист будани бориши барф дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадории кормандони мо роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст.
Бо инобати ҳолати мавҷуда коркарди роҳ бо маводи зиддилагжиш таври густурда амалӣ гардида, техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда роҳро аз барф тоза карда истодаанд.
Дар роҳ эҳтиёткору дақиқназар бошед, ва дар сурати ба мушкил мувоҷеҳ гардидан тариқи хати доимамалкунандаи филиали Ширкат- 487011020 тамос гиред. Дилпур бошед, ки кормандони мо дар доираи имкониятҳои мавҷуда кумак хоҳанд расонид.
Роҳатон сафед ва сафаратон бехатар бошад!