САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР КИЛОМЕТРИ 185

 

 

Чанд лаҳза пеш дар километри 185, дар натиҷаи бо ҳам бархурдани 2 нақлиёти боркаш ва 2 автомобили сабукрав садамаи нақлиётӣ рух дод. 
Мутаассифона дар натиҷаи он 4 кас ба ҳалокат расида, мусофирони дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Кормандони филиали Ширкат фаврӣ ба макони садама расида, ба зарардидагон кумак расониданд. 
Лозим ба зикр аст, ки дар минтақаи мазкур ҳолати роҳ хуб буда, яхбандӣ вуҷуд надорад. Бино ба гуфти шоҳидон, ба самти муқобили ҳаракати баромадани яке аз ронандаҳо сабаби рух додани садама шудааст. 
Айни замон таҳқиқи сабаби садамаи нақлиётӣ аз ҷониби сохторҳои зиддахл идома дорад. 
Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба пайвандону наздикони афроди фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо