БОРИШОТИ БАРФ БЕИСТ ВА БОШИДДАТ АСТ

 

 

Тибки иттилои дастрасшуда,  шурӯъ аз шоми дирӯз  аз километри 65 то 75- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ боришоти шадид ва беисти барф оғоз шуд. 
Бо дарназардошти ҳолати баамаломада фавран техникаву механизмҳои Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб ба ин масир сафарбар карда шуданд то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Илова бар ин, коркарди роҳ бо маводи зиддилагжиш таври густурда амалӣ гардида истодааст. 
Бо истифода аз фурсати муносиб аз ронандагони гиромӣ хохишмандем, ки меҳнати роҳнигоҳдоронро арҷгузорӣ ва ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таври бояду шояд риоя намоянд. 
Ба Шумо сафари бехатар ва бобарору бароҳат орзумандем!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо