ТАМОМИ КӮШИШҲОРО БА ХАРҶ МЕДИҲЕМ ТО РОҲ БАСТА НАБОШАД

 

 

Шурӯъ аз 8 октябри соли равон дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок боридани барф оғоз гардида, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Бо дарки масъулият мегӯем, ки дар ҷода комёбем, зеро омодагии филиали Ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018- 2019 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст.

То имрӯз дар намояндагиҳои филиали Ширкат зиёда аз 10 ҳазор метри кубӣ маводи зиддилагжиш, 260 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ, 85 тонна ангишт ва дигар маводи зарурӣ захира шуда, ин омил замина фароҳам меорад, ки фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шавад.

Имрӯз дар баъзе воситаҳои ахбори омма иттилое пахш гардид, ки гӯё "IRS" дар сурати бад шудани вазъи обу ҳаво ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар масири Душанбе - Чанок муваққатан қатъ менамояд. Расман иброз менамоем, ки ин шакли таҳрифшудаи суханони ироашуда мебошад. Манзур мо он буд, ки мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хохем дод то рафтуомади бемонеа ва муназзами шаҳрвандон тариқи роҳи автомобилгарди мавриди назар таъмин бошад, вале дар сурати ҷиддӣ ва беист будани хавфи тармафароӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нестем, ки ҳамватанони мо ба сафар бароянд, зеро ҳифзи ҳаёти онҳо бароямон аз дигар омилҳо болотар ва авлотар аст.

Айни замон сарфи назар аз бардавом ва бошиддат будани бориши барфу борон дар роҳи Душанбе- Чанок ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин буда, кормандони мо ҷиҳати муттасил будани ҷаҳду талош доранд.

 

(РАСМҲО АЗ БОЙГОНИИ ФИЛИАЛИ ШИРКАТ)

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо