10 - СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБӢ ДАР НАМОЯНДАГИИ СУҒД БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ШУД 

 

Миёни намояндагиҳои филиали Ширкат Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд манзалати хос дошта, нишондиҳандаҳояш дар ҳама ҷанбаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Ин нукта дар ҷаласаи тантанавӣ, ки  шашуми октаябри соли равон  бахшида ба 10- солагии таъсисёбии филиали Ширкат дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, садо дод.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ, муовини Директори филиали Ширкат Шаҳоб Раҳимов, сардори Раёсати ҳуқуқии филиали Ширкат С. Мирзобоев, муовини раиси шаҳри Истаравшан С. Мирсаидов, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд О. Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Р. Салимзода, раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Қ. Усмонов ва дигарон ширкат доштанд. 
Дар ҳамоиши мавриди назар фаъолияти филиали Ширкат дар давоми даҳ соли мавҷудият мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирифта, дастовардҳои ноилгардида ситоиш шуданд. 
Дар фарҷоми чорабинӣ фаъолон аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо