10-СОЛАГИ ТАЪСИСЁБӢ ТАҶЛИЛ ВА ФАЪОЛОН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

 

29 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Хаят Реҷенси Душанбе" 10- солагии таъсисёбии филиали Ширкат таҷлил гардид. Дар маросими мазкур Раиси Шӯрои нозирони филиали Ширкат Саъдӣ Забаров, Директори филиали Ширкат Фотима Ниёзмамадова, Вазири нақлиёти мамлакат Худоёр Худоёрзода, роҳбари ширкати "Лонг Ли" ҷаноби Чжоу, Роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи "Роҳҳои ИДМ" Бурӣ Каримов, президенти Академияи байналмилалии нақлиёт Виктор Досенко, директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб - Чорбоғ Маҳмадулло Қосимов, собиқадори филиали Ширкат Рустам Абдуллоев, узви Шӯрои нозирон Рамазон Мирзоев ва дигарон суханронӣ намуданд. 
Ашхоси зикршуда дар суханрониҳояшон ба корҳои аз ҷониби кормандони филиали Ширкат дар давоми даҳ соли мавҷудият амалигардида баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор доштани механизми инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқро муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати мазкур ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи зикршуда тамоми сол таъмин аст. 
Дар чорабинӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёт, Котиботи роҳсозони ИДМ ва Академияи байналмилалии нақлиёт аъзои Шӯрои нозирон, роҳбарияти филиали Ширкат ва теъдоди зиёди кормандони он бо ордену медал ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо