КАШИДАНИ ХАТИ УФУҚӢ БА МАРҲИЛАИ НАВ ВОРИД ГАРДИД

 

Хатҳои уфуқӣ дар зебову назаррабо будани роҳҳо саҳми арзанда дошта, бо дарназардошти ин омил роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба масъалаи зикршуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар мавсими имсола дар минтақаҳои Суғд ва Зарафшон дар масофаи зиёд чунин хат аз нав кашида шуда, ин раванд бемайлон густариш ёфта истодааст.
Рӯзҳои охир дар Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб кашидани хатҳои мавриди назар ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, дар ин замина ҳолати роҳ беҳбуд ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки рӯзҳои минбаъда ин кор идома меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо