РЕЗИШИ КӮҲПОРА ДАР КИЛОМЕТРИ 137

 

Имрӯз дар километри 137- уми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок резиши куҳпора ба амал омада, чанд лаҳза ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба мушкил мувоҷеҳ кард. Дар муддати кутоҳ техникаҳои Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон ба ин макон сафарбар шуда, роҳ филфавр тоза карда шуд.  Омили мазкур бори дигар дурустии андешаро бобати он ки роҳи мавриди назар дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст, собит менамояд. 
Айни замон ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо