КОРМАНДОНИ ИДОРАИ МАРКАЗӢ БА ҲАШАР БАРОМАДАНД

 

15 сентябри соли равон  кормандони Идораи марказии филиали Ширкат дар радифи коргарони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб ба ҳашар баромада, дар ободии роҳ саҳм гузоштанд. 
Бояд гуфт, ки доир намудани чунин шанбегиҳо падидаи нав набуда, мунтазам ба хотири вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ роҳандозӣ шуда истодааст. 
Омили мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки кулли кормандони мо бо истифода аз имконот кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки рисолати дар асосии шартномаи консесионӣ ба зиммаашон вогузоршуда дар сатҳи баланд амалӣ шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо