НАМОЯНДАГИҲОИ ФИЛИАЛИ ШИРКАТ ВА ИМКОНИЯТУ ШАРОИТИ ОНҲО
Тавре зикр кардем, филиали ширкат аз се намояндагӣ таркиб ёфта, ҳар яки онҳо вижагиҳои фаъолияти худро доранд. Дар ин матлаб, ки бахшида ба 10-солагии таъсисиёбии филиали Ширкат иншо шудааст, доир ба онҳо маълумоти мухтасар пешниҳод шудааст.
Намояндагии Варзоб. Фаъолият қобили мулоҳиза ва ибтикорот арзандаи ситоишанд
Миёни намояндагиҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии Варзоб мақоми хосро соҳиб буда, дар аксар маврид таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи Душанбе – Чанок пеш аз ҳама аз фаъолияти кормандони он вобастагӣ дорад. Ҳаводиси табиии моҳҳои январ – марти соли 2017, ки дар натиҷаи он километрҳои 42-78-уми роҳи мавриди назар дар натиҷаи фаромадани зиёда аз 1000 тарма, ки баландии қисмати аъзамашон то 50 метрро ташкил медод, далели возеҳи ин гуфтаҳост.
Маҳз ба шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти филиали Ширкат ва дар натиҷаи шабзиндадорӣ ва ҷаҳду талошҳои кормандони намояндагӣ тозакунии тарма дар ин масир ба раванди муттасил табдил ёфта, ҳаракати воситаҳои нақлиёт барои муддати на чандон тӯлонӣ, он ҳам бо тавсияи сохторҳои зидахл мутаваққиф шуду халос. Шоҳидони ҳол, хоса насли калонсоли ноҳияи Варзоб, низ эътироф мекунанд, ки чунин боришот дар давоми даҳсолаи охир бесобиқа буда, агар ҷаҳду талош ва масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат намебуд, шояд моҳҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт имконнопазир боқӣ мемонд.
Намояндагии Варзоб нигоҳдории 63,3 км роҳро ба зимма дошта, ин рисолатро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намуда истодааст. Масире, ки нигоҳдориаш ба зиммаи намояндагии мазкур вогузор аст, аз километри 10-уми роҳи Душанбе – Чанок оғоз шуда, дар километри 73.3, - даромадгоҳи нақби «Истиқлол» ба итмом мерасад. Ҳамрадиф бо такомули филиали Ширкат, пойгоҳи техникии намояндагии он дар минтақаи Варзоб низ мунтазам ғанӣ гардида, айни замон аз 52 техникаву механизм иборат аст. Техникаву механизмҳои мазкур гуногунтамға буда, аз автомобилҳои махсусгардонидашудаи соҳа, ба монанди худборкунак, автосамосвалҳо, булдозер, экскаватор, механизмҳои махсус барои хобонидани асфалт, кашидани хатҳои уфуқӣ ва ғайраро ташкил медиҳанд. Бо мақсади густариш бахшидани таъмиру таҷдид дар масири шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ дар ноҳияи Варзоб, ки намояндагии зикршуда дар ҳудуди он ҷойгир аст, корхонаи истеҳсоли мумқир (асфалт) ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардида, алъон фаъолияти пурмаҳсул дорад. Муҳимтар аз ҳама, бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин корхонаҳо нафарони зиёд аз шумори сокинони минтақаҳои масири роҳ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳо буҷети ноҳияҳо низ ғанитар гашт.
Аз ҷониби коршиносон низ эътироф шудааст, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон ба як тими пурқувват табдил ёфта, мутахассисони он дорои савияи баланди касбӣ мебошанд. Табиист, ки намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб аз ин раванд истисно набуда, дар он 260 корманд, ки аз ин шумор 42 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд, фаъолияти пурмаҳсул доранд. Дар тавозуни қитъаи мазкур сохторҳои унсурии роҳи автомобилгард чунинанд:
1. Пулҳо – 21 адад, 414,5 м.т.;
2. Қубурҳо – 118 адад, 1476,4 м.т.;
3. Нақб – 1 адад «Дӯстӣ», 1,047 м.т.;
4. Такядеворҳо – 1016 м.т. – 36706,7 м3;
5. Долонҳои зиддитармавӣ – 20 адад, 3270 м.т.;
6. Деворҳои оҳанин – 1556 м.т.;
7. Деворҳои оҳану бетонӣ – 600 м.т.;
8. Ҷӯйборҳои сангин -43988 м.т.;
9. Ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ – 12321,6 м.т.;
10. Плазаҳои толлингӣ – 2 адад (Варзоб ва Ҳушёрӣ);
11. Нуқтаи вазнченкунӣ – 1 адад (К39+300).
Мутахассисони соҳаи роҳсозӣ, ки дар пешрафти фаъолияти минтақа саҳмгузор мебошанд, устои роҳ Н. Юсупов, муҳандиси ТБ ва БҲН М. Ашуров, механики заводи истеҳсоли мумқир ва дастгоҳи сангмайдакунӣ – И. Кулов, муҳандиси роҳ – А. Бобиев, барқчӣ – М. Идиев, механизаторҳо – Т. Умаров ва Ё. Раҷабов, ронандаҳо Н. Ёров ва С. Сангинов ба ҳисоб мераванд.
Намояндагии Зарафшон. Азмашон қавию нияташон нек аст
Роҳ аз лиҳози моҳият барои дилхоҳ кишвар муҳим буда, маҳз чунин хусусият доштан манзалати онро дар ҳаёти инсонҳо хеле боло бурдааст. Бо дарназардошти омили мазкур, фаъолияти Намояндагии филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар минтақаи Зарафшон мунтазам беҳбудӣ меёбад. Қабл аз бозгӯйӣ намудани омилҳои асосии ба фаъолияти намояндагии мавриди назар рабтдошта зикри як нуктаро ҷоиз медонем.
Сухан сари он аст, ки роҳи Душанбе – Чанок дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат махсусиятҳои худро, аз қабили дар минтақаи релефаш душвори кӯҳистон ҷойгир будан, аз офатҳои табиӣ осебпазирии зиёд доштан, дар шафати дарёҳои шӯху тезоб ҷойгир гардидан ва ғайра дорад.
Ҳамрадиф бо намояндагиҳои дигар намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон фаъолияти қобили мулоҳиза дошта, далелу арқоми мавҷуда дурустии ин гуфтаро собит менамоянд. Барои коргарон шароити меҳнату фароғат муҳайё буда, музди меҳнат ҳар моҳ сари вақт пардохт карда мешавад. Дар намояндагӣ 130 нафар фаъолият дошта, аз онҳо 90 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд. Месазад аз фаъолияти хуби кормандони фаъол Б. Баротов, Б. Ҷумъаев, М. Одинаев, Б. Одинаев, З. Ҷӯраев, Ҷ. Гулов, Р. Раҳматов, А. Олов, А. Аюбов, М. Муҳаммедов, З. Ҷунайдов, Б. Раҷабов, М. Ботуров, Ф. Адилов, М. Мансуров, З. Зокиров, Т. Хуҷовро ёдовар шавем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кормандони намояндагӣ бо масъулиятшиносии худ қодиранд нигоҳдории 81,473 километр роҳи Душанбе – Чанокро дар сатҳи баланд иҷро намоянд. Дар масире, ки нигоҳдориаш ба зиммаи намояндагӣ вогузор аст, ки нақби Шаҳристон, ду галерея, се хонаи устоҳои роҳ, ки дорои шароити хуб мебошад, воқеъ гардидаанд. Тавре болотар гуфтем, аз шафати роҳи Душанбе – Чаноқ дарёҳои шӯху тезоб ҷорӣ буда, аксар маврид дар натиҷаи зиёдшавии сатҳи оби онҳо роҳ осеб мебинад. Дар масире, ки нигоҳдориаш ба зиммаи намояндагӣ дар минтақаи Зарафшон вогузор аст, дарёҳои Яғноб, Фон-дарё ва Зарафшон ҷорӣ буда, зарурати тавсеа бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба миён меоранд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки намояндагӣ барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхони истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дорад. Ибтикороти амалишуда шаҳодат медиҳанд, ки онҳо дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи Душанбе – Чанакро самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ мекунанд. Нуктаи ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар минтақа аз ҷониби намояндагӣ ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ оғоз гардида, то ин замон дар масофаи зиёда аз 9000 метри тӯлонӣ чунин деворҳои ҳимоявӣ сохта ва ё гузошта шуданд.
Гузашти 10 сол собит намуд, ки, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷиҳатҳои мусбати хеле зиёд дошта, аҳдофи он, пеш аз ҳама, коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва дар маҷмӯъ тамдид намудани муҳлати истифодаи он аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, дар намояндагӣ ба масъалаи ободонӣ ва бунёдкорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳатто боғи зебоеро бунёд кардаанд. Ин омил далели возеҳи он аст, ки воқеан ҳам, масъулини намояндагӣ нисбат ба нигоҳдории ҳолати кунунӣ ва дурнамои роҳ дилсӯзона муносибат ва бетафовутиро ҳаргиз ихтиёр накардаанд.
Намояндагии Суғд. Бунёдкорӣ раванди муттасил аст
Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд Хоҷаев Мизробшо Тошевич аз моҳи январи соли 2012 роҳбарӣ мекунанд. Намояндагии минтақа аз 4 плаза –«Чорух», «Истаравшан», «Шаҳристон», «Деҳмой» ва Нуқтаи вазнченкунӣ дар ноҳияи Шаҳристон, заводи мумқир ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ дар КМ 267 – роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чаноқ» иборат мебошад. Мақсади асосии Намояндагӣ хизматрасонии босифат ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ба минтақа вобасташуда мебошад. Намояндагии минтақаи Суғди Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдорӣ ва истифодабарии роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чаноқ»-ро аз К165+726 то К368+200 ба уҳда дошта, дар ин масир иншооти зерин ҷойгиранд:
• Плазаҳои толлингӣ ва иморатҳои назди онҳо,
• Маркази таълимӣ,
• Панҷ хонаҳои устои роҳ,
• Нуқтаи вазнченкунӣ дар К181 – 1 маҷмӯа,
• Базаи техникӣ-истеҳсолӣ,
• Заводи асфалтбарорӣ дар К267,
• Таҷҳизоти сангмайдакунӣ дар К267,
• Кӯпрукҳо – 25 адад (1214,9 м.т.),
• Қубурҳои обгузар – 296 адад (6427,7 м.т.),
• Аломатҳои роҳ – 691 адад,
• Ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ – 67 506 м.тӯлонӣ.
Барои беҳдошту истифодабарии дурусти роҳ ва сари вақт иҷро намудани корҳои таъмири ҷорию асосӣ дар минтақа соли 2015 заводи мумқиристеҳсолкунӣ ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ васлу насб гардида, соли 2016 мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз оғози истифода то имрӯз дар заводи мумқиристеҳсолкунӣ зиёда аз 50197 тонна асфалт истеҳсол гардида, таъмири ҷорӣ ба масоҳати зиёда аз 270 000м2 иҷро гардидааст. Қобили қайд аст, ки Намояндагӣ, инчунин дорои техникаҳои пуриқтидори махсуси роҳдорӣ ва хизматӣ, маводу масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, анборҳои сӯзишворӣ, маводу равғанҳои молиданӣ мебошад, ки барои нигоҳ доштани онҳо дар К289+000 роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чаноқ» Базаи техникӣ-истеҳсолӣ ташкил шудааст. Дар ихтиёри минтақаи Суғди Филиали Ширкат аз оғози фаъолият - аз аввали соли 2010 ҳамагӣ 18 адад мошину механизмҳои гуногунистифода мавҷуд буд, аммо имрӯз минтақа дорои 44 адад мошину механизмҳои махсуси соҳаи роҳдорӣ мебошад.
Дар Намояндагии минтақаи Суғди Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» чор қитъа мавҷуд аст. Ҳар як қитъаи роҳ бо устои роҳ ва кормандон таъмин буда, инчунин бо механизму техникаҳои роҳдорӣ ва ашёву лавозимоти лозимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар намояндагӣ мутахассисони соҳибкасб ва варзида фаъолият менамоянд, ки ба шарофати маҳсули кори онҳо обрӯю нуфузи Ширкат рӯз аз рӯз баланд мешавад. Дар намояндагии минтақаи Суғд як қатор мутахассисони варзидаи соҳибкасб аз оғози таъсисёбии Идораи намояндагии минтақаи Суғди филиали Ширкат фаъолият менамоянд, ки барои рушду нумӯъ ва пешравии кори Ширкат саҳми арзанда доранд. М. Нурматова, А. Бозоров, Б. Раҳимбердиев, Д. Собиров, А. Ниёзов, Н. Юсупов, М. Солиҷонова, Д. Шукурова, Б. Тоҷибоева, Н. Каримов, О. Абдуҳакимов, О. Отабоев, аз ҳамин ҷумла мебошанд.