НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБӢ ВА РОҲИ ПАЙМУДА

 

Ҳарчанд 10 сол дар назди таърих марҳилаи чандон тӯлонӣ нест, вале роҳи паймуда ва дастовардҳои ноилгашта арзандаи онанд, ки ба онҳо назар намоем. Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба Ваҳдату миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад ва робита зарур буд. Ҳанӯз дар ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.  

Роҳбари давлат бо қатъият иброз дошта буданд, ки «ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, туннелу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватани  азизамон мебошад». Дар ин замина моҳи июли соли 2016  азнавсозии яке аз шоҳроҳҳои муҳими мамлакат, ки қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд намуд, оғоз гардид. Моҳиятан бо азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак он бо роҳи байналмилалии Қароқурум-Кулма-Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд.

Муҳимтар аз ҳама, бо бунёд ва ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани он на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар тамоми фаслҳои сол байни пойтахти мамлакатамон ва  вилояти Суғд таъмин гардид, инчунин аз тариқи қаламрави кишвари худ барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад.

Аз лиҳози моҳият роҳи мавриди назар дар ҷисми мамлакат шабеҳи шоҳраг буда,  кишварҳои ҳамсоя, марказҳои калони саноатӣ, тиҷоративу туризми байналмилалӣ, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад.

Таҷдиди роҳи мазкур ду солро дар бар гирифта,  моҳи августи соли 2008-ум ба истифода дода шуд. ­Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки «калимаи «роҳ» дар фарҳангҳои тафсирӣ ба маънои «ростӣ» низ меояд ва ибораҳои «роҳи рост» ва «роҳи сафед», ки асосан покиву накӯкорӣ ва дуои некро ифода месозанд, дар адабиёти фарҳангофарину тамаддунсози тоҷикон собиқаи чандинҳазорсола дорад. Бинобар ин роҳсозиву роҳкушоӣ дар ҳама давру замон нишонаи рушди мамлакат, пайвандгари фарҳанг ва маданияти ҳамон насл ба ҳисоб меравад».

Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти нақши боризи ин роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омаданд, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе - Чаноқ мавриди амал қарор гирад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ба зиммаи  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин Ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

Бо гузашти 10 сол, бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст.  Чун ҳадафи ин матлаб муруре ба таърих ва роҳи паймудаи филиали Ширкат аст, зикри чанд нуктаро бамаврид медонам:

Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият ба дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда,  минбаъд, ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали Ширкат ба 180 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла «Тексидел» дар раванди фаъолият таври густурда технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад. Далели возеҳи ин гуфта ба фаъолият шурӯъ намудани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои то он вақт амалкунанда маҳсуб мешавад. Дар баробари ин омилҳо муҳим он аст, ки филиали Ширкат ба мактаби омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи роҳнигоҳдорӣ табдил ёфта, роҳбарияти он тасмим доранд дар оянда ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.   Далели бебаҳс аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат  ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.

Табиист, ки вақте ба таҳвили молу маҳсулот имконияти васеъ муҳайё ва бозори онҳо зиёд мегардад, ҳатман соҳаҳои истеҳсолӣ, қабл аз ҳама саноати кӯҳӣ, яъне истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, инчунин соҳаи кишоварзӣ инкишоф ва додугирифти субъектҳои хоҷагидорӣ вусъат меёбад. Ҳамзамон бо афзун гаштани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ иншооти хизматрасонӣ низ зиёд шуда, аҳолии деҳоте, ки ба роҳи мазкур наздиканд, ба худ ҷойи кор пайдо карданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон», ки алъон нигоҳдориаш ба зиммаи филиали Ширкат вогузор аст, роҳи мошингарди Душанбе -Айнӣ-Истаравшан -Хуҷанд -Бӯстон -Чанак ба шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ табдил ёфта, ҳаракати мошинҳои сабукраву боркаш дар тамоми фаслҳои сол ба самти пойтахт ва вилояти Суғд таъмин гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки нақби «Шаҳристон» дар асоси Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз қисмати ҷануб дар баландии 2760 метр ва аз қисмати шимол 2640 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст.  Масофаи роҳи мошингарди Душанбе - Чанак  қариб 358 километрро ташкил дода, аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Мастчоҳ убур менамояд.

Бояд гуфт, ки дар ин шоҳроҳи аср дар баробари анҷом додани бисёр корҳои мураккаби муҳандисиву сохтмон, инчунин 15 пули хурду бузург сохта шуд, ки пулҳои бузурги  болои дарёҳои  Сир  ва Зарафшон аз онҳо мебошанд.

 Чун имсол аз вақти ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» вогузор гардидани нигоҳдории ин роҳ 10 сол сипарӣ мегардад, ёдовар шудани баъзе нуктаҳои муҳими ба азнавсозии роҳи мазкур рабтдоштаро бамаврид медонам:

Дар доираи лоиҳа сохтмону таҷдиди роҳи Душанбе-Чанак, сохтмони нақби «Шаҳристон», пулҳо, долонҳои зиддитармавӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба анҷом расид. Пудратчии асосии иншоот дар асоси талаботи Шартнома Ширкати Чин оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо ба шумор мерафт. 11 июли соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими оғози корҳои лоиҳа дар ноҳияи Варзоб ё худ километри 33-юми роҳи автомобилгарди мазкур баргузор шуд. Дар ин рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда Сарвари давлат суханронӣ карданд. Зимни он изҳор доштанд, ки «Шоҳроҳи мазкур дар қатори роҳҳои бузурги Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим  пайдо карда, тамоми пойтахтҳои кишварҳои ҳамсоя, марказҳои калони саноатӣ, тиҷоративу туризми байналмилалӣ, бандарҳои баҳрии қаламравии Осиёву Аврупоро бо ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад».

Инчунин таъкид карданд, ки «Манфиати иқтисодиву иҷтимоии ин роҳ ҳам барои мардум ва ҳам барои кишварамон дар ояндаи наздик хеле назаррас хоҳад гашт».

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва таҷдиди шоҳроҳ ва дар истифода қарор гирифтани он бори дигар ҳақиқати ин суханҳо ва дурустии сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат барои ҳама рӯшану возеҳ гашт. Дар ин рӯз, ҳамчунин Оқил Оқилов, собиқ Сарвазири мамлакат, аз қисмати шимолии роҳи ноҳияи Шаҳристон ва шодравон Асадулло Ғуломов, собиқ муовини Сарвазир, дар Чанак- сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон корҳои сохтмону таҷдиди шоҳроҳро расман ифтитоҳ бахшиданд.

Мардона эътироф бояд кард, ки  дар он шабу рӯз, даврони вазнини иқтисоди кишвар ва шароити номувофиқи кӯҳистони шимолии мамлакат, ки 6 моҳ ин роҳҳо бар асари яхбандӣ, фаромадани тарма, омадани сел баста мешуд, ба бунёди чунин шоҳроҳи бузург на ҳар  кас бовар дошт. Ҳатто баъзе аз мутахассисони соҳаи роҳсозиву пулсозиву нақбсозӣ иҷрои лоиҳаи мазкурро зери шубҳа мебурданд. Бархе аз неруҳои носолими ҷомеа ба дӯстии ду кишвар бо роҳҳои гуногун латма мезаданд, то бунёди шоҳроҳ нотамом монад. Бархе дигар бошад, иҷрои дигар корҳоро барои кишвар муҳимтар арзёбӣ мекарданд.

Бояд махсус зикр кунам, ки рафти сохтмону таҷдиди шоҳроҳ ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат қарор доштанд. Аз ҷумла, барои ошноӣ ва додани дастуру маслиҳатҳои судбахш се бор ба нақби «Шаҳристон» ташриф оварданд.

Лозим ба ёдоварист, ки мо - масъулини филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти худ борҳо бо чунин андешаҳои беасосу муғризона ва туҳматҳо мувоҷеҳ шудаву  бо фаъолияти самаранок ҷиҳати дар сатҳи хуб  ва сифати баланд анҷом додани рисолати худ ба ин шахсон посухи сазовор додаем. Қабл аз ҳама мехоҳам ёдовар шавам, ки интихоби филиали Ширкат  барои амалӣ намудани ин лоиҳа бошад, дар заминаи ҷавобгӯи талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будани он сурат гирифтааст. Махсус бояд ёдовар шуд, ки он замон маълумоти аниқро  бобати  миқдори миёнаи солонаи нақлиёте, ки ин роҳро  убур  менамоянд, дар ихтиёр  надоштем. Сониян, ин роҳ ба гурӯҳи роҳҳои дараҷаи сеюм - роҳе, ки нигоҳдории серхарҷ астуон аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир мнбошад, дохил мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилотро,  ба монанди норозигии шахсони алоҳида, ки асосан манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд, ба миён меорад. Монеаҳои дигар аз тарафи намояндагони баъзе сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории  мамлакат низ  эҷод мегардид. Хушбахтона, дар заминаи пеш бурдани корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва хизматрасонии босифат, ки ба масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ асос ёфтааст,  мушкилот ва монеаҳои сунъӣ рафъ гардид.  Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат  низ мавриди истифода қарор гирад.  Ба самъи ҳамватанонамон мерасонем, ки дар давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии қариб 100 километр роҳ, Ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Аз он бояд ёдовар шавем, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми навсозишудаи толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст. Муҳимтар аз ҳама, зиёда аз 800 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ  масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали Ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад,  таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Ин омил далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти Ширкат нисбат ба  нигоҳдории роҳ бо дарки масъулият муносибат намуда, ҳаргиз бетафовутиро ихтиёр накардаанду намекунанд. Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки тамоми ибтикори мо, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ, дар ихтиёр доштани зиёда аз 180 техникаву таҷҳизот, омодагии ҷиддӣ дидан ба мавсими сармо, фароҳам намудани шароит барои ҷойгирнамоии нафарони дар банди барф дармонда, таври густурда ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил намудани навбатдории шабонарӯзӣ ва ғайра,  пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон  нигаронида шудааст. Иқтисодшиноси бузурги ҷаҳонӣ Адам Смит гуфта буд: «Шахс барои манфиати худ фаъолият карда, ҳис наменамояд, ки ба ҷомеа чӣ қадар манфиат расонидааст». Воқеан ҳам, ба даст овардани фоида маъмулан дар маркази фаъолияти дилхоҳ ширкати саҳомӣ қарор дорад, вале ман бо камоли масъулият иброз менамоем, ки дар мадди назари мо на танҳо ба даст овардани фоида, балки имконоти иқтисодии ҳамватанонамон низ қарор дорад. Дар муддати кӯтоҳи фаъолият Ширкат тавонист, ки  масъалаҳои зиёди ташкилӣ, молиявӣ ва иҷтимоиро ҳаллу фасл намояд. Қабл аз ҳама, роҳбарияти Ширкат дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳар чӣ зудтар барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намояд. Пас аз ҷамъоварии маълумот, системаи гуногуни имтиёзҳо барои аҳолии шафати роҳ таҳия гардид, ки маблағи ниҳоӣ ба 50 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад. Дар баъзе маҳаллаҳои махсусан эҳтиёҷдошта ин нишондиҳанда ба 85 фоиз баробар мебошад. Ибтикори дуюми муҳим дар фаъолияти Ширкат аз баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам намудани шароити бароҳати гузариш аз плазаҳои толлингӣ иборат буд. Бо мақсади сарфа кардани вақт ва пешниҳод намудани гузариши бароҳат барои шаҳрвандон, хатҳои иловагии гузариш сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар муддати кӯтоҳ бо таҷҳизоти зарурии электронӣ ва таъминоти барномавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Бо ин мақсад механизми пардохти маблағи гузариш бо ёрии кортҳои толлингии электронӣ ба роҳ монда шуда буд. Суръати хизматрасонии мизоҷе, ки аз кортҳои толлингии электронӣ истифода мебарад, назар ба ашхоси ба таври нақдӣ пардохткунанда ду маротиба фавритар  аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии Ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонидаи Ширкат ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо либосҳои зимистонаву тобистона, асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ (алоқа) таъмин карда шудааст, вобаста гардидааст. Коргарон дар навбати худ муваззаф гардидаанд то қисмати ба онҳо вогузоштаро чун гавҳараки чашм нигоҳубин кунанд. Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 181 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад. Корҳои ба  таъмиру таҷдид рабтдошта дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Баъзан аз ҷониби баъзе коршиносон ва як идда журналистон андешае баён мегардад, ки гӯё филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод бошад. Бо дарки масъулият мегӯем, ки ин андеша билкул хато аст. Дар давоми фаъолият аз ҷониби филиали Ширкат ба Буҷети давлатӣ  пардохт намудани  миллионҳо сомонӣ ба сифати андоз аз сафсатае беш набудани чунин андешаҳоро собит менамояд.  Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Бори дигар такрор менамоем, ки ин раванд зери назорати доимӣ  ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Боиси хурсандиву ифтихормандии мост, ки филиали Ширкати саҳомии Innovative Road Solutions дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти на чандон тӯлониаш аллакай аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Hubei Chengli Special Automobile Co., LTD, Liugong Mashinery Co., LTD и XCMG Group Co., LTD ҳамчун шарики беҳтарин шинохта шуд.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтддошта мусоидат намуд, балки андешаи моро дар мавриди нигоҳдории роҳ ба маънии мусбаташ дигар кард, пеш бурд, мактаби бузурги омӯзишӣ ва андӯхтани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ гардид.

 

Далери АБДУЛЛО, журналист

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо