РОҲ НА ТАНҲО МАСОФА, БАЛКИ ҚАЛБҲОРО БА ҲАМ НАЗДИК СОХТ

 

 

Гузаштагони мо мақому моҳияти бузурги созандагиву пайвандгарии роҳҳоро ба инобат гирифта, дар тамоми давру замон барои бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо саъйу талош варзидаанд, ки «Ҷодаи бузурги Абрешим» намунаи барҷастаи чунин офаридгориҳост. Воқеан роҳҳо на танҳо масофа, балки қалбҳоро ба ҳам наздик месозанд. Ба бахти мо, тоҷикон, бо талошҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврони соҳибистиқлолӣ раванди созандагиву бунёдкориҳо дар сартосари кишвар вусъати тоза касб карданд.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овардани кишвар ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфрасохторҳои нақлиётии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои умдаи стратегии сиёсати иқтисодии давлат дар ояндаи наздик дониста шуд. Барои татбиқи ин стратегия дар давоми 5-10 соли охир азнавсозӣ ва бунёди як силсила иншооти муҳим, ба шумули роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Чанак, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Саритош, Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», Шаҳристон, Чормағзак, Шар-Шар роҳандозӣ шуданд, ки имрӯз қисми зиёдашон мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Дар давоми бист соли соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии кишвар тағйироти куллӣ ба амал омад. Ҳамватанони мо таҳти роҳбарии сарвари хирадманди худ Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро ба анҷом расониданд, ки тӯли садсолаҳо дар орзуяшон будем. Кӣ гумон мекард, ки дар як муддати кӯтоҳ, ба мушкилоти иқтисодӣ ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нигоҳ накарда, мо нақби Анзобро, ки баъдан ба пешниҳоди Сарвари давлат «Истиқлол» ном гирифт, ба истифода медиҳему мардум бемалол тамоми фасли сол аз ҷануб ба шимол ва аз шимол ба ҷануб равуо карда, мушкилоташонро рафъ месозанд.

Мо азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе -Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаамонро ҳеҷ вақт аз ёд намебарорем. Зеро дар ин роҳҳои ноҳамвор садҳо ҳамдиёронамон ҷонҳои ширини худро аз даст додаанд. Модарон гирён, фарзандон нолон ва арӯсон либоси мотамӣ ба бар кардаанд. Амаки Ниёзбой аз ҷумлаи онҳоест, ки баъди дар таги тармаи қисмати шимолии ағба, аниқтараш Шодмондара мондани писараш тақрибан чор сол азоби рӯҳиву ҷисмонӣ кашид. Чор сол дар фасли тобистон ба умеди он ки ҷасади фарзандашро аз таги тарма мегирад, ҳамроҳи наздикону пайвандон масофаи беш аз 150- километрро тай намуда, ба инҷо меомад. Вале ноумед ба Панҷакент бармегашт. Аз Худованди Бузург илтиҷо мекард, ки рӯзе фаро расаду ӯ ҷасади фарзандашро ёфта, ба хок супорад. Танҳо дар соли 5-ум ин кор ба ӯ муяссар гашт.

Роҳи ағбаи Анзоб ҳар сол тақрибан 5-6 моҳ баста мешуд. Бо вуҷуди ин мусофирон ба хавфу хатар, ҳатто ба марг рӯ ба рӯ шаванд ҳам, аз ин ағба гузар мекарданд. Худ шоҳиди ҳол ҳастам, ки мардум ҳафтаҳо ё дар Майхӯра ва ё дар мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Фақат ба хотири ин, ки ягон трактор ё булдозер пайдо шаваду мошини онҳоро аз ағба гузаронад.

Тирамоҳрӯя буд. Ман ҳамроҳи се нафар меҳмони хориҷӣ ба зиёрати оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтем. Ҳамсафаронам аз манзараҳои дилфиреб, обҳои мусаффо, меҳмоннавозиву қадршиносии ҳамдиёрони Рӯдакӣ болидахотир гашта бо як ҷаҳон таассурот роҳ ҷониби Душанбе пеш гирифтанд. Вақте ки ба ноҳияи Айнӣ расидем, борон ба боридан сар кард. Аз дилам гузашт, ки ҳамин ҳоло дар ағбаи Анзоб барф меборад ва шояд ағба маҳкам шавад. Гумонам рост баромад. Ҳамин ки ба «Ветерок», яъне таги ағба наздик шудем, дидем, ки қатори мошинҳои зиёде истодаанду ронандаҳо аз баста шудани ағба ва дар инҷо шабро рӯз кардани худ ҳарф мезананд. Маълум гашт, ки ағба ба наздикӣ кушода намешавад, зеро дар қисмати Шодмондара баландии барф ба як метр расида будааст. Мо таваккал карда, то ба Шодмондара рафтем. Вақте дарёфтем, ки илоҷи ба пеш ҳаракат кардан нест, ба қафо баргаштем. Дар «Ветерок» тақрибан ду соат интизорӣ кашидем. Соат аз даҳи шаб гузашта буд. Тасмим гирифтем, ки ба Панҷакент баргардему тавассути роҳҳои Ӯзбекистон масофаи тақрибан 700 -киломметраро паймуда, ба Душанбе оем. Ва ҳамин тавр ҳам кардем, зеро дигар илоҷ надоштем.

Имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сулҳу ваҳдати пойдор, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин мушкилот, ин азобу шиканҷаҳо ва шабҳои сарди зимистонро дар таги ағба рӯз карданҳо аз миён бардошта шуданд. Имрӯз мардум бо дили пур ва бе ягон мушкилот саҳар аз Душанбе баромада ба Панҷакент мерасанду бегоҳ пас мегарданд. Зеро роҳҳо мисли кафи даст ҳамворанд. Имрӯз роҳҳои Тоҷикистон мушкилкушои мардуманд. Ва мардум шукрона мекунанд, ки ба ин рӯзҳо расиданд. Шукрона мекунанд, ки сарвари оқилу дурандеш доранд. Шукрона мекунанд, ки осмони диёрашон софу беғубор аст. Бигзор доим чунин бошад.

 

Додоҷон Рӯзиев,

журналист

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо