АЗМИ ҚАВӢ НАТИҶАИ НАЗАРРАС БА БОР МЕОРАД

 

 

Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки мунтазам ва густурда пешниҳод гардидани маълумот оид ба корҳои аз ҷониби кормандони филиали Ширкат амалишуда дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ рабте ба худнамоиву ташвиқи бепоя надошта, ҳадаф якто - иттилоотонии аҳолӣ аст. Эътироф бояд кард, ки аксар маврид маҳз мавҷудияти холигоҳи иттилоотӣ боиси пайдо ва паҳн шудани маълумоти аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур ва муғризона мешавад. 
Бо инобати ин гуфта, масъалаи мазкур дар сархати авлавиятҳо қарор дошта, натиҷаҳои бадастомада қаноатбахшанд.

Рӯзи гузашта кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд дар километрҳои 203 - 204 таъмири асосии роҳро тибқи талаботи мавҷуда амалӣ карданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки намояндагии мазкур аз ҷумлаи пешсафон маҳсуб шуда, кормандонаш дар мавсими имсола масофаи зиёди роҳро таъмири асосӣ намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо