ПЕШРАВИҲО АРЗАНДАИ ИНЪИКОС МЕБОШАНД

 

Бидуни муболиға ва тамаллуқ метавон гуфт, ки дастоварду пешравиҳои филиали Ширкат хеле зиёд буда, дар бозгуйӣ намудани он ба камбуди далелу рақам мувоҷеҳ нахоҳем шуд. Хоса дар мавсими имсола, ки таъмири асосӣ ва ҷории роҳ ба марҳилаи сифатан нав ворид шудаааст, месазад, ки бо ҳисси ифтихор ин равандро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикос кард. 
Дар ин росто, дигар корҳои ба нигоҳдории роҳ рабтдошта, аз ҷумла барқарорсозии ҷуйборҳои канори роҳ, гузоштани деворҳои ҳимоявӣ ва гайра низ дар мадди назари роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, муназзамии фаъолияти корхонаҳои марбут ба филиали Ширкат таъмин аст. 
Рӯзи гузашта (31 июл) чун рӯзҳои қаблӣ барои кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон пурмаҳсул буду ва дар замина ибтикори зиёд - таъмири ҷории роҳ, бартарафкунии асфалти осебдида, тозакунии ҷуйборҳои канори роҳ, захираи масолеҳи сохтмонӣ ва амсоли ин амалӣ гардид. 
Масъулин мегӯянд, ки ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри боз ҳам тавсеа бахшидани фаъолият ҷаҳд хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо