ХАТҲОИ УФУҚӢ РОҲРО НАЗАРРАБО ВА БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯНД
Нигоҳдории роҳ фаъолияти гуногунҷанба буда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани хатҳои уфуқӣ аз ҷузъҳои таркибии ин раванд маҳсуб мешавад. Бо дарназардошти ин омил, роҳбарияти филиали Ширкат ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояду ин раванд муттасил аст.
Шахсоне, ки тариқи роҳи Душанбе- Чанок сафар кардаанд шоҳиданд, ки ҳолати хатҳои уфуқии масири мазкур қаноатбахш буда, дар сурати осеби ҷузъи дидан филфавр аз нав кашида мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, барои бомаром ва тибқи талаботи мавҷуда пеш рафтани ин кор филиали Ширкат механизмҳои замонавии махсусгардонидашуда харидорӣ карда, барои кашидани хат ранги босифат истифода мешавад.
Дар давоми рӯзҳои охир кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд аз километри 273 то 290- ум чунин хатҳоро аз нав кашида, ба ин васила роҳро назаррабо карданд. Аз ҷониби дигар, ибтикори мазкур барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт муҳиму саривақтӣ аст.
Ҳамватанони азизро бовар мекунонем, ки бо инобати муҳимияташ ин раванд минбаъд низ идома ва густариш хоҳад ёфт.