ФАВРӢ! САДАМА БОИСИ МАРГИ ЯК НАФАРУ СУХТАНИ МОШИНИ БОРКАШ ШУД
Субҳи имрӯз дар километри 66- уми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок автомобили боркаши маъмул чун "Фура", ки ҳомили арматура буд, ба садама дучор шуд. Тибқи иттилои дасрасшуда, хоб бурдани ронанда сабаби ҳодиса маҳсуб шуда, дар ин замина як нафар ба ҳалокат расида, шахси дигар ба бемористон интиқол гардид. Дар натиҷаи ба ҷарӣ сарозер шудан автомобил оташ гирифта, пурра сухтааст. Аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкат ба маҳалли ҳодиса расида, ибтикори заруриро амалӣ карданд.
Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба аҳли оила ва наздикони нафари ҳалокшуда арзи тасаллият намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.