ҚИТЪАИ ФУРУРАФТАИ РОҲ МУМФАРШ ШУД
Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дуюми июни соли равон дар километри 138- ум, дар масофаи 35 метр роҳ пурра фурӯ рафта буд. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникии филиали Ширкат замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада филфавр тадбирандешӣ шавад. Арзандаи арҷгузорӣ аст, ки дар муддати кутоҳ пайомади ин офат бартараф шуда, дирӯз мумфаршкунии роҳ низ бо истифода аз асфалти хушсифат, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуд. Илова бар ин, дар қитъаи мазкур ҷуйборҳои оҳаниву бетонӣ, ки як қисмашон аз Душанбе дастрас шуда, боқимонда, дар корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии марбут ба филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон истеҳсол шудааст, насб гардид.