ТАВАҶҶУҲ БА ТОЗАГИИ ҶУЙБОРҲОИ КАНОРИ РОҲ ХОСА АСТ
Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард фаъолияти гуногунҷанба буда, мунтазам тоза кардану дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҷуйборҳои канори он чузъи таркибии ин раванд маҳсуб мешавад. Бо дарназардошти ин, дар тамоми намояндагиҳо тозакунӣ ва азнавсозии ҷуйборҳои мавриди назар босуръат ҷараён дошта, барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намудани ин кор тамоми имкониятҳо самаранок истифода мешавад . Ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани роҳбарияти филиали Ширкат бесабаб нест, зеро тамдиди муҳлати истифодаи роҳ дар баробари омилҳои дигар, аз ҳолати ҷӯйборҳои зикршуда низ вобастагӣ дорад. Табиист, ки мунтазам тоза намудани онҳо ва азнавсозиашон кори саҳлу сода набуда, хароҷоти зиёдро ба думбол дорад. Вале сарфи назар аз ин, мо дар ин ҷода собитқадамему корҳои дар самт амалишуда арзандаи ситоишанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар давоми рӯзҳои охир ин раванд беш аз пеш тавсеа ёфта, дар муддати кутоҳ дар масофаи зиёд ҷуйборҳои мавриди назар тоза ва навсозӣ шуданд. Расмҳои дар зер пешниҳодгардида дурустии ин гуфтаро собит менамоянд.