ТАЪМИР РОҲРО НАЗАРРАБО КАРД

 

Бегуфтугӯ, таъмири роҳ дар баробари фароҳам намудани имкони ҳаракати бемонеаву бехатар ва муназзам, ҳамзамон онро назаррабо менамояд. Дар ҳоле ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудаааст, зебову назаррабо будани роҳҳо барои ҷалби бештари сайёҳон муҳиму саривақтӣ аст. Бо дарки ин нукта кормандони мо дар  ҳафтаи равон фаъолияташонро беш аз пеш тавсеа бахшида, бо  харҷи беш аз садҳо  тонна асфалти хушсифат масофаи зиёди роҳро таъмир карданд. Бино ба гуфти менеҷери филиали Ширкат дар минтақаи Суғд М. Хоҷаев, барои бемайлон ва таври густурда амалӣ намудани таъмир бо дастгирии аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат тамоми шароит фароҳам буда, рӯзҳои баъдӣ низ ин раванд вусъат хоҳад ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо