БА ҚАВЛИ ХУД УСТУВОРЕМ
Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дуюми июни соли равон дар километри 138- уми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок дар масофаи 35 метр роҳ пурра фуру рафта буд. Қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш аст, ки аз ҷониби кормандони филиали Ширкат дар давоми 2 соат аз дили кӯҳ роҳи муваққатӣ эъмор ва ҳамон рӯз қитъаи зикршуда барқарор карда шуд. Ҳамон вақт қавл дода будем, ки дар ояндаи наздик, бо анҷом додани дигар ибтикори зарурӣ ин қитъаи роҳро ба ҳолати аввалааш бармегардонем. Корҳои дар ин самт амалишуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мо ба қавли худ устуворем. Дар идомаи ин раванд имрӯз (3 июл) дар километри мавриди назар хобонидани ҷуйборҳои бетонӣ, ки махсус омода шудаанд, сурат гирифт. Бино ба гуфти масъулин рӯзҳои наздик асфалткунии қитъаи мазкур низ шурӯъ мешавад. Махсус таъкид менамоем, ки барои дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҷавобгӯи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани ин кор шароит имкониятҳо пурра фароҳам аст.