Пешравиҳо аз азми қавӣ маншаъ гирифтаанд
Ҳафтаи сипаригашта низ барои кормандони мо аз лиҳози маҳсулнокии фаъолият қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буд. Дар давоми ин рӯзҳо амалӣ шудани таъмири асосӣ дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд бо дарназардошти махсусиятҳои ин намуди таъмир кори саҳлу сода набуда, ба маънои томаш сатҳи баланди масъулиятшиносиро бозгуйӣ менамояд. Қобили зикр аст, раванди таъмири роҳ зери назорати ҷиддӣ ва доимии аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, маҳз ин омил ба сатҳу сифати корҳои дар ин ҷода амалигардида таъсири мусбат расонид.
Чунин тарзи кор замина фароҳам овард, ки масофаи зиёди роҳ таъмири асосӣ шуда, ҷуйборҳои канори роҳ низ азнавсозӣ шаванд. Мусофирону ронандагоне, ки шоҳиди ҳол буданд ибтикороти роҳбарияти филиали Ширкатро далели масъулиятшиносӣ дар иҷрои рисолат арзёбӣ ва арҷгузорӣ карданд. Аз чунин муносибат кормандони мо руҳу илхоми тоза гирифта, тасмим доранд фаъолиятро беш аз пеш беҳтар намоянд.