МИНТАҚАИ ЗАРАФШОН: ТАВАҶҶУҲ БА ТОЗАГИИ ҶУЙБОРҲОИ КАНОРИ РОҲ ХОСА АСТ

Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард фаъолияти гуногунҷанба буда, мунтазам тоза кардану дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҷуйборҳои канори он чузъи таркибии ин раванд маҳсуб мешавад. Бо дарназардошти ин, дар тамоми намояндагиҳо, аз ҷумла намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон тозакунии ин ҷуйборҳо босуръат ҷараён дошта, барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намудани ин кор тамоми имкониятҳо самаранок истифода мешавад . Дар давоми рӯзҳои охир ин раванд беш аз пеш тавсеа ёфта, дар муддати кутоҳ дар масофаи зиёд ҷуйборҳои мавриди назар тоза ва навсозӣ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо