ТАЪМИРИ КУЛЛИИ РОҲ ДАР МИНТАҚАИ ВАРЗОБ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ГАРДИД

Дар ин мавсим роҳбарияти филиали Ширкат ҷиҳати ба вусъат бахшидани таъмири кулли роҳ тасмими ҷиддӣ дошта, ният доранд, ки 117 километр роҳро таъмири куллӣ намоянд. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллӣ аз таъмири ҷорӣ комилан фарқ дошта, аз лиҳози моҳият ва хароҷот баробар ба эъмори роҳ аст. Бо ин мақсад корхонаҳои истеҳсоли асфалт фаъолияти пурмаҳсул дошта, техникаву механизмҳо низ дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Мутахассиони ҳирфаии филиали Ширкат тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, ки ин намуди таъмир тибқи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ гардад.

Имрӯз (11 июн) сарфи назар аз боришоти борон, дар минтақаи Варзоб таъмири роҳ таври густурда амалӣ шуда, кормандон ҷаҳду талош доранд, ки ҳар чӣ бештар роҳро аз таъмири хушсифат бароранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо